“Парчамат партавафшон бод Тоҷикистонам”

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки намояндаи Кумиҷроияи ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Азимов А.Ҷ. ва кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят соати сиёсӣ доир гардид. Пас аз суханони ифтитоҳӣ корманди раёсат қайд намуд, ки дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишвари азизамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як  санаи  таърихӣ- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 24 ноябр аст бо хатти заррин сабт гашт ва ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида мешавад. Ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.

Вохӯрӣ бо донишҷӯён таҳти унвони “Парчамат поянда бод”

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи корӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “ДДХ ба номи Б.Ғафуров” дотсент Собиров М.С. бо донишҷӯён ва устодон ҳамагӣ 100 нафар доир гардид. Устодони Донишкадаи мазкур зимни суханронӣ қайд карданд, ки Парчами миллӣ нахустнишони муқаддаси ҳар як кишвару халқ аст, он симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Нақши Парчам дар таърихи ҳар як давлат ба таври хоса арҷгузорӣ карда шуда, маҳз зери Парчами худ кишварҳо ба ҷаҳониён фарҳангу таърих, бурдбориҳову пешравиҳои худро муаррифӣ менамоянд. Таърих гувоҳи он аст, ки миллатҳои гуногун давлатдории худро зери Парчам ҳифз ва поягузорӣ намуда, орзуву мароми худро дар ин рамзи давлатӣ нақшгузорӣ намудаанд.

1300 рӯзи меҳнати зарбдор дар шаҳри Панҷакент

    Дар миқёси вилояти Суғд бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф, бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1300 рӯзи меҳнати зарбдор мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Панҷакент бо иштироки муҳасиллини мактабҳои миёна, кормандони ташкилоту муассисаҳо аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар ҳашари  умумишаҳрӣ зиёда аз  2870 нафар иштирок намуда, 1200 метр ҷуйбор, 500 метр соҳилҳо, 2400 метр роҳравҳо аз партовҳо тоза карда шуда,   35 тонна  партов  ба партовгоҳи шаҳр  бароварда шуд.

Ҷаласаи комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрии Гулистон

    Дар  маҷлисгоҳи  Маркази бозомӯзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ш.Гулистон бо иштироки аъзоёни комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист ва тандурустӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсони масъул ҷаласаи комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрии Гулистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда тибқи нақшаи тасдиқгардида баргузор гардид. Ҷаласа таҳти сарварии муовини якуми раиси шаҳри Гулистон Комилзода Н. оғоз гардида, фаъолияти комиссия мавриди таҳлил қарор  гирифт. Дар маъруза оид ба корҳои иҷрошуда дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ  ва техногенӣ дошта, ҷараёни омодагӣ ба рафти давраи зимистонгузаронӣ барои солҳои 2019-2020, самтҳои асосии Стратегияи миллии паст кардани офатҳои табиӣ қайд карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.