Аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсат ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар н.Б.Ғафуров ошкор гардид, ки Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Чаҳондор» партовобхои хосилшударо (канализация ) ба сойи Хоҷабақирғон партофта, манбаи обро ифлос мекард. Нисбати директори ҶДММ «Ҷаҳондор» протоколи ҳуқуқвайронкунии маъ-мурӣ бо моддаи 177 тартиб дода шуда, барои ҳисоб кардани зарар намунаи об гирифта шуд.
Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Шаҳристон
Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №2/12-05-2279 аз 26 декабри соли 2019, иҷрои нақшаи корӣ, оид ба пешгирӣ намудани фавти ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ ва талаф наёфтани онҳо аз сардиҳои зимистони соли 2020 дар ҳудуди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Шаҳристон, гардишгоҳи №8-и мавзеъи Кемқул-сой аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҳафтаи охир корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин минтақа ба миқдори 100 кг ҷуворимакка, 100 кг резаи гандум, 50 кг лаблабу, 50 кг себ, 150 кг меваи дарахти булут, 340 кг хошоки дағал паҳн карда шуд. Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар дигар минтақаҳои баландкӯҳ пешбинӣ гардидааст.
Фароштурук (парасту) - парандаи соли 2020
Фароштурук парандаи хурди тезпарвоз буда, болҳои тез ва думи дарози қайчимонанд дорад. Дарозии бадани фароштурук 14-19 см, паҳноии болҳояш то 30 сантиметрро ташкил дода, 17-20 грамм вазн дорад. Парандаи васеъ паҳншуда буда, ба ҷуз аз Австралия ва Антарктида, дар ҳамаи қитъаҳои кураи замин вомехӯрад. Ба оилаи фароштурукҳо, қатори гунҷишкон ва гуруҳи парандагони кӯчанда мансуб аст. Зимистонро дар Африқо, Осиёи Ҷанубӣ ва Индонезия паси сар мекунад. Ба Тоҷикистон аввали моҳи март парида меояд. Фароштурук ба муҳити зист мутобиқати зиёд дошта, аз давраҳои қадим дар маҳалҳои аҳолинишин зери бом ва шифти биноҳои истиқоматӣ ва иншооти сохтмонӣ лона мегузорад. Ин паранда байни мардум чун парандаи муқаддас маҳбубияти зиёд дорад. Бо инсон дар ҳамшафат зиста, аз ӯ хайрхоҳӣ меҷӯяд. Аз замонҳои қадим дар байни мардум ақидае ҳаст, ки дар хонае, ки фароштурук лона мегузорад, меҳру муҳаббат, самимият ва хушбахтӣ пойдор аст.
Паём – дастури раҳнамо
Бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 10 январи соли равон вохӯрии кормандони мақомот бо намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Азимов А. доир гардид. Зимни вохӯрӣ намояндаи КИ ХҲДТ дар ш.Хуҷанд оид ба самтҳои асосии Паёми имсола, дастовардҳои соли сипаришуда, нишондиҳандаи асосӣ - буҷаи давлатӣ дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, кам гардидани сатҳи камбизоатӣ, лоиҳа ва грантҳои амалкунанда, тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сухан кард.