Татбиқи лоиҳа дар шаҳри Хуҷанд

Санаи 16 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВДК “Хуҷандобуканал” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд баҳри татбиқи лоиҳаи “Беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нўшокӣ ва рафъи партовоби шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3” ба имзо расида, санаи 26.09.2018 бо ширкати “Fela Planungs AG”-и давлати Швейтсария, ба маблағи 3359234  доллари ИМА  шартнома барои “Таъмир  ва таҷдиди иншооти партовобтозакунии шаҳри Хуҷанд” баста шуда буд. То санаи 13.09.2019 корхои сохтмонӣ ба маблаги 1081036 доллари ИМА ва хизматрасонӣ ба маблаги 48554 доллари ИМА ба ичро расонида шуда, молу тачхизот ба маблаги 2229644 доллари ИМА ба иншоот ворид гардид. Маблағи мувофиқи лоиҳа пешбинигардида бо пуррагӣ азхуд карда шуд.

Корҳои омузишӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

    Дар мақомоти  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд  аз ҷониби сармутахассиси кадрии Раёсати корҳои Кумита Сайфуллоев Н.  бо мақсади  иҷрои  талаботи мактуби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон аз 7.02.19, №08-259 оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба маълумоти хизматчиёни давлатии маъмурии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба Барномаи ягонаи автоматикунонидашудаи Феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  корҳои  омӯзишӣ  ва  ёрии амалӣ  гузаронида шуд.

Ҷамъбасти озмуни «Ҳифзи муҳити зист – омили ҷалби сайёҳон ва рушди деҳот» дар байни кормандони воситаҳои ахбори омма.

Санаи 13 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии  «Ҳифзи муҳити зист – омили ҷалби сайёҳон ва рушди деҳот»  байни кормандони воситаҳои ахбори омма  баргузор гардид. Муовини сардори Раёсат  Б.Абдумаликзода  зикр намуд, ки озмуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти экологӣ ҳамасола эълон мегардад.

Семинар

Санаи 12 сентябри соли равон бо мақсади муаррифии лоиҳаи “Намоишдиҳии коркарди ғайриҳароратии партовҳои дорои дӯст (дихлордифенил–трихлорэтан (ДДТ) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Назарзода ва муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии татбиқи Конвенсияи Стокголмоид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣРаҳматулло Хайруллоев семинар баргузор гардид. Дар кори семинар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Гулистон, Бустон, Б.Ғафуров, намояндагони сарраёсати кишоварзӣ  ва корхонаи филиали экспедитсияи мубориза бар зидди малах ва дигар сохторҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист  иштирок доштанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.