Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва 5500-солагии Саразми бостонӣ корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент босуръат идома дорад. Дар ин раванд дар шаҳри Панҷакент аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» бо иштироки васеи аҳолӣ, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент, донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ ва коллеҷи тиббӣ гузаронида шуд. Рафти аксияҳои мазкур 5,2 км ҷуйборҳо, 2 км сою селравҳо ва 1,5 км соҳилҳо тоза карда шуда, 37 тн партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар н.Б.Ғафуров
Ба истиқболи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шанбегиҳои оммавӣ идома дорад.Дар асоси нақшаи кории шуьбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ёва, Ғозиён, Зарзамин, Д.Холматов, Х.Усмонов ва минтақаи Сартуқай бо иштироки васеи аҳолии ҷамоатҳо, намояндагони соҳаи маориф ва тандурустӣ аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Рафти аксия ба масоҳати 47 км ҳудуд ва ба масофаи 6,6 км ҷӯйборҳо тоза карда шуда, 51,43 тн партовҳо бароварда шуд. Баргузории аксия тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ва вилоятӣ намоиш дода шуд.
Вохурӣ дар муассисаи таълимии шаҳри Истиқлол
Дар мактаби № 4-и ш.Истиқлол бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва хонандагони мактаб вохӯрӣ бо иштироки намояндаи бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол ва намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят доир гардид. Рафти вохӯрӣ намояндаи бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол оид ба баланд бардоштани маърифати экологӣ, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист баромад намуд. Намояндаи Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд оид ба фаъолияти кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, гузаронидани корҳои садамавӣ наҷотдиҳӣ ва дигар мавзуҳои ба соҳа алоқаманд суханронӣ намуд.
Амалиётҳои фаврӣ дар н.Айнӣ
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти н.Айнӣ дар деҳаи Хушекат маълум гардид, шаҳрванд Бобоҷонов Ҳақназар корманди нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Нури Дар-Дар» Хушекат ҳангоми фаъолияти корӣ ба тозагии гирду атрофи нуктаи фурӯши сузишворӣ риоя накарда, қуттиҳои пластикӣ ва партовҳоро ба саҳни бино ва ҷуйбори обрави роҳи мошингард партофтааст, ки ин кирдораш бар хилофи талаботи Қонуни ҳифзи муҳити зист мебошад. Нисбати Бобоҷонов Х. дар асоси моддахои 232, 177 протоколи хукуквайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.