Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва ҳамаи зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таъмини иҷрои фармоиши Раиси Кумита ва амалигардонии нақшаи чорабиниҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, санаҳои 25 – 26 октябри соли равон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ аксияи мазкурро бо иштироки васеи кормандони соҳавӣ, аҳли ҷамоатчигӣ, донишҷўёну мактаббачагон ва васоити ахбори омма ташкил намуданд.
Бо ташаббуси раёсат, санаи 26 октябри соли 2019, аз соати 10.00 то 12.00, дар боғи ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» баргузор гардид. Дар ҷойи асосии баргузории чорабинӣ шиорҳо «Пиряхҳо манбаи асосии оби кишвар ва Осиёи Марказӣ мебошанд» ва бо номи худи аксия насб гардида, 30 нафар ризокорон (волонтёрон) бо либосҳои варзишӣ (футболка ва кепка) бо навиштаҷоти «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» ва бо логотипи мақомоти ҳифзи муҳити зист фаъолона иштирок намуданд.