Санаи 11 октябри соли 2019 аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод дар МТМУ-22 ноҳиябо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияҳо намоиши «Тирамоҳи заррин»баргузор гардид. Дар намоиши мазкур зиёда аз 14 адад муассисаҳои таълимӣ ва беш аз 160 хонандагон иштирок намуданд. Дар чорабинӣ аз ҷониби хонандагони мактабҳо баромад дар мавзўъҳои гуногуни экологӣ ба амал омада, ҳамзамон саҳначаҳо доир ба ҳифзи муҳити зист намоиш дода шуд. Дар рафти намоиш бахшида ба соҳаи ҳифзи табиат саволу ҷавоб ва баҳри болида гардонидани иштирокчиён барномаи консертӣ пешкаши онҳо гардид.
Вохўрӣ бо маорифчиёни шаҳри Исфара
Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар толори Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара вохўрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо намояндагони соҳаи маориф, бахусус омўзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, инчунин донишҷўёни Донишгоҳи мазкур баргузор гардид. Дар он намояндагони раёсати маорифи шаҳр ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара иштирок доштанд. Дар рафти вохўрӣ маълумот оид ба Барнома ва соҳаи ҳифзи муҳити зист, ифлосшавии ҳавои атмосфера, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, наврасону ҷавонон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ пешкаши иштирокчиён гардид.
Санҷиши рафти иҷрои Барнома ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар шаҳри Исфара
Дар асоси нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли равон санаи 9.10.2019 рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», аз он ҷумла фаъолияти комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мавриди санҷиш қарор дода шуд. Ҳамзамон, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 2.04.2015, №178 ва Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 оид ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои МИҲД шаҳр, ки ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобаста гардидаанд, дар ҳузури роҳбарон ё шахсони муттасадӣ санҷида шуд. Бояд қайд намуд, ки корбарӣ дар сохторҳои иҷрокунандагони нақшаи чорабиниҳои барнома, ҳамчунин фаъолияти комиссияи байниидоравии маҳаллӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар баъзе самтҳо, бахусус мазмун ва сифати маълумоти ҷамоати шаҳраку деҳот камбудиҳо ҷой доранд.
Ҳодисаи ғайриқонунӣ
Нозирони давлатии шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар минтақаи Палоси ноҳияи Б.Ғафуров, соҳили дарёи Сир ҳодисаи даравидани ғайриконунии камишро аз тарафи шаҳрвандон, сокинони ноҳияи Спитамен - Раҳимовҳо Зафар ва Зариф, ошкор намуда, нисбати онхо протоколхои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Протоколҳои тартибдода, барои баррасӣ ва чораҷўӣ ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров ирсол карда шуд.