Вохўри дар доираи лоиҳа

    Санаи 17.10.2019 дар Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани маърифати экологӣ» вохўрии намояндаи Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе Келдиева Н. бо мақсади мониторинги фаъолияти иҷрочиёни лоиҳа баргузор гардид. Дар вхўрӣ намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, шахсони масъул оид ба гузаронидани тренинг, иттилоот, мутасаддии корҳои ташкилӣ ва қисми молиявӣ иштирок доштанд. Ҳамчунин экожурналист Расулзода Т. дар мулоқоти натичаҳои татбиқи лоиҳаи мазкур ширкат варзид. Аз сабаби он, ки лоиҳа ба охир мерасад шахсони ба татбиқи лоиҳа вобастагардида барои минбаъд боз баланд бардоштани сатҳи чорабиниҳо, васеъ намудани майдони фаъолият ва фаро гирифтани миқдори бештари аҳолӣ дар масъалаҳои баланд бардоштани маърифати экологӣ фикру андешаҳои худро ба намояндаи Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе баён намуданд.

Ҳавзҳои моҳипарварӣ дар ноҳияи Ашт

Баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд, дар ҳудуди ҶДММ «Рахшона» ҳавзҳои моҳипарварӣ сохта ба истифода дода шуд. Бо мақсади шиносои бо ҳавзҳои моҳипарварӣ, вазъи имрўза ва минбаъдаи фаъолияти хоҷагии бисёрсоҳа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо як қатор мутахассисону коршиносон ба хочагии мазкур ташриф оварда, аз ташкилу рафти кор изҳори қаноатмандӣ кард. Диққати иштирокдорон ба моҳипарварии ин хоҷагӣ ҷалб гардида, махсусан қайд карда шуд, ки 17 адад ҳавзҳо барои парвариши моҳӣ дар масофаи 44 гектар дар муҳлати кўтоҳ сохта ба истифода дода шудааст. Дар айни замон ба ҳавзҳои мазкур зиёда аз як миллион кирминамоҳии намуди амури сафед, капур, пешонипаҳни сафед ва алоча ҷойгир карда, бо хўрокаи гуногуни хушсифат ва алафҳои тару тоза таъмин гардида истодааст.

Ҳифзи ҳаво дар ноҳияи Мастчоҳ

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ барои баррасии муроҷиати шикоятии сокинони маҳаллаи Азиззободи ноҳияи Мастчоҳ якҷоя бо шуъбаи назоратии таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд корбарӣ намуданд. Шикояти шаҳрвандон дар он буд, ки нақлиётҳои боркашони заводи ҶДММ «Ясин МС-Суғд»-и Хитоӣ ҳангоми кашонидани маъдан аз кон бо суръат  роҳи маҳаллаи мазкурро гузашта, бо гарду чанг атрофро ифлос менамоянд. Коргоҳи номбурда бо истеҳсоли семент машғул мебошад. Бинобар он, санаи 12.10.2019 аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ченкунии ифлосшавии ҳаво ва гирду атрофи роҳ ба амал омад. Санади дахлдор тартиб дода шуда, мувофиқи натиҷаи ташхис то 2 маротиба аз меъёр зиёдшавии ихроҷи гарду чанг ба қайд расид.

Аксия дар шаҳри Хуҷанд

Санаи 12.10.2019 бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Навбаҳори (34 мкр.) аксияи «Тозагии муҳити зист» ташкил ва гузаронида шуд. Ба аксия 200 нафар кормандони таваллудхонаи шаҳрӣ, 20 нафар мураббиёникўдакистони №27 ва 40 нафар табибони беморхонаи микроҷарроҳии чашм ҷалб гардида, дар ободу тоза намудани минтақаҳои ҳудуди муассисаҳои хеш саҳми худро гузошта, партовҳоро дар мавзеъи муайянгардида ҷамъ намуданд. Бояд қайд намуд, ки мутаассифона солҳои охир таъсири инсон ба вайронкунии муҳити зист эҳсос мешавад. Бераҳмона муносибат кардани шаҳрвандон ба муҳити зист ва фаъолияти худ ба мушоҳида мерасад. Риоя нашудани талаботи қонунгузории мақомоти ҳифзи муҳити зист боиси он мегардад, ки атроф ҳолати ҳузнангезро фаро гирад ва омили пайдошавии ҳар гуна бемориҳо шавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.