Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.Ҳангоми амалиёт 102 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуда, нисбати ронандагони 16 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие,ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Насби қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар шаҳру ноҳияи Бӯстон, Истиқлол ва Масчоҳ
Бо мақсади таъмин ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ байни аҳолӣ дар кучаҳои марказӣ, боғи истироҳатӣ, ҳудуди шаҳр, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрҳои Бустон, Истиқлол, ноҳияи Масчоҳ 25 адад қуттиҳои махсус барои зарфҳои пластикӣ насб карда шуд. Ин иқдом тибқи дастуру супориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардид.
Обмонии дарахтон дар фасли гармо
Баҳри иҷроиши барқияи фаврии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2024, таҳти№ 3/12-05-1954 бо мақсади аз хушкшавӣ нигоҳ доштани ниҳолҳо дар ҳарорати баланди ҳаво обмонии шабонарӯзӣ ташкил карда шуд. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби Муассисаи давлатии Раёсати “Хоҷагии манзилии коммуналӣ” дар ҳудуди тамоми кӯчаҳои шаҳр, хиёбону гулгаштҳо ва дарахтони дар канори кӯчаҳо мавҷуд буда, аз он ҷумла, дар кӯчаҳои Ф.Ниёзӣ, Бобоҷон Ғафуров, Н.Ҳувайдуллоев, Сулҳ, маҳаллаи Ғалаба ва маҳаллаи Наврӯз обмонии шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, дар ин самт ҳамарӯза корбарӣ идома дода мешавад.
Нишасти хабарии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 2 августи соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2024 доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Ризқофарин», «Нилуфар», «Кайҳон», «Сайҳун», «Соҳил», «Саломат бошед», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия Плюс, «Озодӣ», «Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои Суғд, ШТР «Азия», «Синамо», «7 Ситора», радиоҳои «Пайванд», «Шаҳри ман» дар маҷмӯъ 29 нафар намояндагон иштирок доштанд.
Еще статьи...
- Аксияи “Тозагии соҳил” дар обанбори Баҳри Тоҷик
- Гузаронидани вохуриҳои иттилоотӣ ва роҳандозӣ намудани ҳамкории доимӣ бо эковолонтерон ва дӯстдорони табиат
- Натиҷабардорӣ аз фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд
- Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Истаравшан