Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри иҷроиши нақшаи кории ситоди идоравии амалиёти «Кўкнор - 2019» якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2019, №6172(31-6) ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни 2019, №51 бо фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 24 июни 2019, №57 «Дар бораи амалиёти «Кўкнор-2019» ситоди идоравӣ ташкил карда шуда, нақшаи кори ситоди идоравӣ тасдиқ карда шудааст.