Тибқи дастури мақомоти болоӣ дирӯз ба ифтихори 70-умин солгарди якумин раиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд Абдулатиф Султонов дар толори Маркази бозомӯзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар шаҳри Гулистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темурҷон Нӯмонзода ҳусни ифтитоҳ бахшида мухтасар аз роҳи тайкардаи соҳибҷашн маълумот дод . Султонов Абдулатиф поягузор ва нахустраиси мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят буда дар давоми 8 соли фаъолият дар рушди соҳа, пешбурди сиёсати экологӣ дар вилоят, тарбияи кадрҳо ва маърифати экологии аҳолӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ҳоло бошад ҳамчун намояндаи ҷамъияти Дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд фаъолият бурда истодааст.
Вохӯрӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд
Бо мақсади баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 5 июн - Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист вохӯрии намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят доир гардид. Вохӯриро сардори маркази таълимӣ - методии РКХФ ва МГ дар вилоят, подполковник Абдусамадов М. оғоз намуда, оиди муаммоҳои экологии ҷойдошта, тағйирёбии иқлим ва таъсиру пайомадҳои он ба аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки ба фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо алоқамандии зич дорад ибрози ақида намуд.
22 май - Рӯзи умумиҷаҳонии гуногунии биологӣ
Дар даҳсолаи охир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобалии замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.Вазъи имрӯзаи нигаҳдории гуногунии биологиро ба эътибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конфронси СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де –Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣқабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия қабул кард.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ дар меҳмонхонаи “Де Люкс”-и ш.Хуҷанд бо иқдоми Маркази гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ конференсияи минтақавӣ бо иштироки коршиносон ва олимони Академияи Илмҳои ҶТ, Институти зоология ва паразитология, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АИ ЧТ, филиали институти чорводорони АИ КТ, устодони факултети химия ва биологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Вохурӣ бо маорифчиёни н.Б.Ғафуров
Бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, дар доираи нақшаи корӣ ва нақшаичорабинињои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», баҳрибаланд бардоштани маърифат ва донишҳоиэкологии аҳолӣ, санаи 23.05.2019 дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Б.Ғафуров вохўрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят якҷоя бо намояндаи рўзномаи «Садои мардум» бо намояндагони соҳаи маориф, бахусус бо омўзгорони фанни экология, химия ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Б.Ғафуров баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ ҷонишини мудири шуъбаи маорифи мазкур баромад карда, оид ба зарурияти тарбия ва маърифати экологӣ изҳори ақида намуд.