Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Бахшида ба 5 июн Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар назди театри мазҳака ва мусиқии ба номи К.Хуҷандӣ чорабинии калони идона баргузор гардид. Дар он муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, намояндагони дигар сохторҳо ва аҳолӣ иштирок доштанд.

Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ  табрикоти Раиси вилоятро  қироат намуда зикр кард, ки таъмини амнияти экологии ҷомеа  яке аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта,  имконияти хубест, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷӯҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ.

Силсилаи чорабиниҳои экологӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд

Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд як қатор чорабиниҳо бахшида ба  Рӯзи  умумиҷаҳонии  муҳити  зист  доир гардид.  Бо  мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ  бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол  аксияҳои экологии  «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» бо иштироки 300 нафар намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, хонандагони мактабҳо  гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксияҳо  ҳудуди шаҳр, кӯчаҳои марказӣ аз ҳар гуна партовҳо тоза  карда шуд.

Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар кӯчаҳои марказии шаҳр бо кормандони шуъбаи милитсияи экологии РВКД ЧТ дар вилояти Суғд амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.

Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборак!

Бори аввал 5 июни соли 1972 дар шаҳри Стокголм  конфронси махсуси Созмони Милали Муттаҳид созишномаро оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист таҳия ва қабул намуд, ки мақсадаш ҷалб намудани диққати ҷомеа ба ин  масъала  буд. Дар Ҷумҳурии мо Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аз соли 1988 ва ҳамчун иди давлатӣ аз соли 2008 ин ҷониб дар сатҳи баланд қайд карда шуда, ба ҳалли масъалаҳои экологӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад, зеро тибқи маълумоти мавҷуда онро расман сокинони беш аз 100 давлати дунё таҷлил менамоянд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ҳисобида шуда,  имконияти хубест, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи оммаи васеъ ба масоили  экологӣ мебошад.

Имсол Чин маркази таҳлили Рўзи умумичаҳонии муҳити зист таъйин гардид

Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зистро Ассамблеяи Генералии СММ соли 1972  таъсис додааст ва аз ҳамон вақт инҷониб ҳар сол аз ҳониби мардуми ҳаҳон 5 июн дар аксар кишварҳои дунё қайд карда мешавад. Барои таҷлили глобалии ин санаи муҳими экологӣ, одатан ҳар сол, яке аз кишварҳои дунё интихоб гардида, шиори ид пешниҳод карда мешавад. Имсол низ, санаи 15.03.2019 дар шаҳри Найроби вазири муҳити зист, ҳамчун роҳбари ҳайати Чин бо и.в. директори иҳроияи Созмони Милали Муттаҳид якҷоя эълон намуданд, ки рӯзи ҷашни 5-уми июни соли 2019 дар Чин бо шиори «Ифлосшавии ҳаво» баргузор мегардад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.