Вохӯрӣ бо донишҷӯён дар ДДҲБС Тоҷикистон

    Бахшида ба «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ваДаҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаҳои  23-28 апрели соли равон ҳафтаи кафедраи маркетинг ва агробизнес баргузор гардид.  Дар доираи ҳафтаи мазкур санаи 25 апрел  мизи мудаввар бо иштироки намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар мавзӯи тарбияи экологии ҷавонон бо донишҷӯён ва устодон гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ бобати зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон, татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологии вилоят баромадҳо пешкаши дониш-ҷӯён гардиданд.

Амалиёти “Ҳавои тоза”

Мувофиқи нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва БД РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Истиқлол гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 15 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳри  Истиқлол ирсол гардид.

Семинари вилоятӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об – 22 март ва "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" давоми солҳои 2018-2028"

Тибқи нақшаи корӣ санаи 16 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Кохи матбуоти ш.Хуҷанд бахшида ба 22 март - Рӯзи умумиҷаҳонии об ва оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028  семинари вилоятӣ баргузор гардид. Дар кори семинар устодони Донишгоҳҳои олӣ - ДДҲБСТ, ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва донишҷӯён, намояндаи Раёсати  беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Пас аз суханони ифтитоҳии роҳбарияти Раёсат баромадкунандагон дар мавзӯъҳои - таърихи мухтасари ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "17 қадам дар роҳи мақсад", "Манбаъҳои асосӣ ва таъминоти оби полезӣ дар вилояти Суғд", "Роғун ҳамчун корхонаи азими саноатӣ", "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои  рушди устувор" давоми солҳои 2018-2028", "Об сарчашмаи зиндагӣ", "Сырдарья жемчужина Центральной Азии" баромадҳо намуданд.

Семинар бахшида ба Рӯзи Замин

Санаи 20 апрели соли равон дар толори бинои асосии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров конфронси илмӣ – назариявӣ бахшида ба 22 апрел – Рӯзи умумиҷаҳонии Замин ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид. Дар кори конфронси мазкур олимон аз ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров,Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи тиҷоратӣ, котиби илмии стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии вилоят, КВД «Ҳимояи набототи кишоварзӣ», устодон, донишҷӯён, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. Пас аз суханҳои ифтитоҳии намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, баромад ва презентатсияҳо дар мавзӯҳои «Роҳҳои беҳдошти заминҳои корами обии таназзулёфтаи вилояти Суғд», «Оқибати номусоиди кимёвӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ», «Муаммоҳои экологӣ дар самти муомилот бо партовҳо дар вилояти Суғд», «Вазъи кунуни ҳимояи набототи кишоварзӣ дар вилояти Суғд» ва «Безараргардонии партовҳои радиатсионӣ» шунида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.