Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зистро Ассамблеяи Генералии СММ соли 1972 таъсис додааст ва аз ҳамон вақт инҷониб ҳар сол аз ҷониби мардуми ҷаҳон 5 июн дар аксар кишварҳои дунё қайд карда мешавад. Барои таҷлили глобалии ин санаи муҳими экологӣ, одатан ҳар сол, яке аз кишварҳои дунё интихоб гардида, шиори ид пешниҳод карда мешавад. Имсол низ, санаи 15.03.2019 дар шаҳри Найроби вазири муҳити зист, ҳамчун роҳбари ҳайати Чин бо и.в. директори иҷроияи Созмони Милали Муттаҳид якҷоя эълон намуданд, ки рӯзи ҷашни 5-уми июни соли 2019 дар Чин бо шиори «Ифлосшавии ҳаво» баргузор мегардад.
Ҳар сол қариб 7 миллион нафар аҳолї аз сабаби ифлосшавии ҳаво дар ҷаҳон ба ҳалокат мерасанд, ки аз он 4 миллион ба минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором рост меояд. Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зисти соли 2019 ҳукумату саноат, ҷомеа ва шаҳрвандонро бароиомузиши имконияти энергияи барқароршаванда ва технологияҳои «сабз» бо мақсади беҳтар кардани сифати ҳаво дар шаҳрҳо ва минтақаҳои ҷаҳон даъват ба амал меорад. Ҳукумати Чин омода аст, ки ташкил ва гузаронидани чорабиниҳоро бахшида ба Рузи умумиҷаҳонии муҳити зист дар як қатор шаҳрҳои кишвараш доир намояд.