Ҳамасола санаи 15–уми апрелро дўстдорони табиат чун Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Ин иқдом соли 1992, зимни баргузории Конфронси СММ дар шаҳри Рио-де-Жанейро, ки масъалаҳои доғи рушди устувори аҳли башар муҳокима мегардид, ба ҳукми анъана даромад.
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «ДДХ ба номи Б.Ғафуров» дар моҳи апрели соли равон бахшида ба ин санаи муҳими экологӣ гузаронидани конференсияро пешбинӣ карда буд.
Санаи 29.04.2019 дар толори калони раёсати Донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Роҳҳои беҳтар намудани маърифати экологии аҳолӣ» баҳри татбиқи нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021«Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», таъмини иҷрои талаботи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»баргузор гардид.