Эълон

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

- Сармутахассиси Шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 988 сомонӣ; (категорияи панҷум)

- Сармутахассиси Шуъбаи экспертизаи экологии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 988 сомонӣ; (категорияи панҷум)

- Сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, маоши мансаби 941,20 сомонӣ; (категорияи панҷум)

- Сармутахассиси Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол, маоши мансаби 953,20 сомонӣ; (категорияи панҷум)

Танзим

Бахшида ба 10-умин солгарди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят вохӯрӣ оид ба фаҳмонидани моҳияти Қонуни мазкур  бо иштироки мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева гузаронида шуд.  Сараввал муовини сардори Раёсат бо сухани ифтитоҳӣ чорабинии мазкурро оғоз намуда, қайд кард, ки қабули ин Қонун аз тарафи Асосгузори сулху вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббусҳои беҳтарин буда, барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мусоидат менамояд. Воқеан  қабули ин қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард.

Корҳои руйпӯшкунӣ дар партовгоҳи «Деҳмой» идома дорад

Дар соли сипаригаштаи 2016 аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Б.Ғафуров корҳои рӯйпӯшкунии партовҳои радиофаъоли партовгоҳи “Деҳмой”-и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ба масоҳати умумии наздик 11 га ба анҷом расонида шуд, ки арзиши умумиашон 545,63 ҳазор сомониро ташкил дод. Рӯйпӯшкунӣ бо истифодаи хок ва шағали табиӣ бо ғафсии 0,5-1,0 метр ба анҷом расонида шудааст. Ченкуниҳои афканишоти радиатсия дар мавзеи рӯйпӯшкардашудаи партовгоҳ, ки аз тарафи шӯъбаи таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва Филиали Суғдии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, нишон дод, ки агар фони радиатсионӣ то рӯйпушкунӣ ба 160-380 мкР/соат баробар бошад, баъди рӯйпӯшкунӣ ҳамагӣ 35-40 мкР/соатро ташкил медиҳад, ки ҷавобгӯ ба меъёрҳои санитарӣ-экологӣ мебошад.

Оид ба баргузории амалиёти «Кӯкнор - 2017» дар вилояти Суғд

Оиди иҷроиши нақшаи кории ситоди идоравии амалиёти «Кукнор-2017» якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят як қатор корҳо ба анҷом расид.

Тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси вилояти Суғд аз 16.05.2017., №244 «Дар бораи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор - 2017» бо фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят №51 аз 07.06.2017 сол ситоди идоравӣ ташкил карда шуда, нақшаи кори ситоди идоравӣ тасдиқ карда шудааст.

Шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят  оиди гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2017» бо мақомотҳои қудратӣ ҳамкорӣ намуда, дар ин самт  корҳои тарғиботиву  ташвиқотиро пурзӯр науда истодааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.