Баҳри амалӣ намудани «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.04.2017 таҳти №41 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2017», Қарори Раиси вилояти Суғд аз 02.02.2017 сол таҳти №36 «Дар бораи эълон намудани 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар қаламрави вилоят ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ва фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз санаи 10.02.2017 сол таҳти №19 аз санаҳои 22-апрел то 27- майи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят аксияи «Тозагии соҳил-2017» гузаронида шуд.
Конфронси илмӣ-амалии вилоятии «Замин пайванди инсон ва табиат»
Санаи 21 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ба ифтихори 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии Замин ва ба истиқболи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-амалии вилоятии «Замин пайванди инсон ва табиат» баргузор гардид.
Дар конфронс намояндагон аз сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Сарраёсати кишоварзӣ, устодону донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, коршиносону намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори омма ҳузур доштанд.
Конфронс бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»
Дар коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров санаи 24 апрели соли равон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон конфронси илмӣ-амалӣ бо иштироки устодон аз факултаи геоэкологияи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ, намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид. Дар кори конфронс омӯзгорон ва донишҷӯён дар мавзӯъҳои ҳифз ва самаранок истифодабарии об, таъсири фаъолияти одам ба гидросфера, ҳифзи оби тоза – ҳифзи зиндагонист, об ҳамчун неъмати табиат ва роҳҳои пешгирӣ намудани ифлосшавии оби тоза баромадҳо намуданд.
Мизи мудаввар таҳти унвони “Табиати зебо мояи ифтихори одамият аст”
Бахшида ба «Соли 2017 – Соли ҷавонон» , 15 апрел – Рӯзи байналмилалии маърифати экологӣ, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Табиати зебо мояи ифтихори одамият аст” бо донишҷӯён ва устодон доир гардид. Дар рафти чорабинӣ оиди тағъир ёфтани иқлим, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, таъсири рушди иқтисодиёт ба захираҳои табиӣ ва ифлосшавии муҳити зист, зарурати рушди маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор, татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ ва мақсадҳои асосии қабул шудани онҳо, масъалаҳои ҳалталаби экологии вилояти Суғд баромадҳо шунида шуданд.