Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист, бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар байни кормандони васоити ахбори омма озмун таҳти унвони «Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои об дар ҷаҳон» эълон менамояд. Ба озмун маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, пешниҳод бояд намояд.
Мизи мудаввар дар Коллеҷи технологии ба номи А.Қаҳҳорови ш.Конибодом
Дар коллеҷи технологии ба номи А.Қаҳҳоров бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 ва «Соли ҷавонон» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони ҷамоатҳои деҳот, идораи хоҷагии об, корхонаи фаръии обу канализатсия, идораи барқ, идораи кишоварзӣ, ситоди ҳолатҳои фавқулодда, идораи марказии стандартикунонӣ ва донишҷӯёни Коллеҷи технологии шаҳр иштирок доштанд.
Дар кори мизи мудаввар номзади илми иқтисод, сарвари коллеҷ М.Ҳомидов дар мавзӯи «Об - муҳимтарин ва беҳамтотарин мӯъҷиза», мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр Ф.Ёдгоров «Об – манбаи ҳаёт», декани факултаи менеҷмент, муҳосибот ва иттилооти кории коллеҷ Х.Ядгарова «Об ганҷинаи табиат», омӯзгор М.Илёсова ва донишҷӯ У.Насриддинов дар мавзӯи «Энергияи сабз – нерӯи аз рӯи экологӣ тоза» ва «Барқи обӣ дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ» баромадҳо намуданд.
Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмуни вилоятии «Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол»
Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва ба ифтихори 22 март – Рӯзи умумиҷаҳонии об моҳи феврали соли равон байни мактаббачагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни вилоятӣ зери унвони «Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол» аз рӯи се номинатсия “Расми беҳтарин”, “Рӯзномаи девории беҳтарин” ва “Сурати беҳтарин” эълон гардида буд.
Ғолибони озмуни мазкур муайян гардида, дар конфронси вилоятӣ 9 нафар ғолибони озмун ва барои иштироки фаъолона 10 нафар иштирокчиён аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бустон, Конибодом, Истиқлол, Исфара, Истаравшан, Б.Ғафуров, Деваштич, Масчоҳ, Зафаробод, Спитамен, Ашт, Ҷ.Расулов, аз тарафи ташкилотҳои байналхалқӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо диплом, ифтихорнома, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сафароз гардонида шуданд.
Конфронси илмӣ-амалии вилоятии «Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол»
Бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва ба ифтихори 22 март – Рӯзи умумиҷаҳонии об санаи 16 марти соли равон дар толори Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон конфронси илмӣ-амалии вилоятӣ таҳти унвони «Тоҷикистон - сарчашмаи оби зулол» баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Ибодзода, муовини Раиси вилоят Хоҷазода О.А., олимону коршиносон, устодони муассисаҳои таълимии олии вилоят, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ - Ҳамоҳангсози Миллии барномаи GIZ, Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон, роҳбари Барномаи Банақшагирии ҳавзаи захираҳои об ва таъсири истифодабарии он, намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.