Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар ҳалли муаммоҳои ҳифзи муҳити зист»

  Дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», бахшида ба таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар факултети геоэкология ва туризм конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар ҳалли муаммоҳои ҳифзи муҳити зист» баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур намояндаи ректорати Донишгоҳ, декан ва устодони факулта, донишҷӯён ва намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист тибқи даъват иштирок доштанд. Тибқи барномаи конференсия аз тарафи иштирокчиён дар мавзуъҳои «Давраҳои такомул ва рушди мақомоти ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муаммоҳои муосири ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли онҳо» ва дар васфи Истиқлоли давлатӣ баромадҳо пешниҳод гардиданд. Дар интиҳо аз ҷониби намояндаи сарраёсат ба садорати факултети геоэкология ва туризм, кафедраи экология ва ҳифзи табиат, кафедраи геоэкология ва методикаи таълим, кафедраи географияи табиии факултет, дар маҷмўъ 4 адад Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз таъмир ба истифода дода шуд

  Бо мақсади  беҳтар намудани шароити кории кормандон, вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ  дар арафаи 32-умин солгарди Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии  шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки  намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Кумиҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳия, муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ба истифода дода шуд. Бино бо дастгирии бевоситаи Раиси Кумита, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар муддати кӯтоҳ  аз таъмир бароварда шуда, аз ду ошёна ва 7 ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад. Майдони умумии ҷудо гардида 6 га буда, ошёнаи якум аз 2 утоқи корӣ ва толори калон, ошёнаи дуюм аз қабулгоҳ ва 5 утоқҳои корӣ  барои кормандон иборат буда, ҳамаи онҳо аз тарафи Кумита ва соҳибкорони маҳаллӣ бо лавозимотҳои зарурӣ таҷҳизонида шудааст.

Таҷлили Рӯзи дониш дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии № 21 ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Зафаробод

  Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки и.в. Раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  - сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти  Суғд  Ғуфронзода Азиз ва  ва роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии № 21 ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Зафаробод  Рўзи Дониш  дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд. Пас аз суханони ифтитоҳӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  - сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти  Суғд  Ғуфронзода Азиз   номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам  Раҷаббой Аҳмадзодаро ба кулли омўзгорону хонандагон қироат  намуд. Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар устодону хонандагонро ба муносибати Рӯзи дониш таҳният намуда, қайд кард, ки аз ҷониби Ҳукумати  кишвар  баробари таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои ба сатҳи талаботи замон баровардани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Рафти чорабинӣ омӯзгорон ва муҳасиллини муассиса бо эҳсоси ифтихору ватандўстӣ, худшиносиву арҷгузорӣ ба кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол баромадҳо намуда, зикр намуданд, ки дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ба даст овардани хониши хубу аъло саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бахшида ба Рӯзи дониш  сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар собиқадори соҳаи маориф  Саъдиев Нарзуллоро аёдат намуданд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Зафаробод

  Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  дар қаламрави ноҳия  аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия 5860 нафар намояндагони сохторҳои мақомот  иштирок намуда, каналу  чӯйборҳо  ба масофаи  1,8 км тоза, биноҳо 4850 м2 ва 5420 адад дарахтон сафед карда шуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.