Сари вақт бартараф намудани партовҳои бесоҳиб зери назорати доимии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист қарор дорад.Бочуниниқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ба истиқболи ҷашнҳои миллии дар пешистода, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ дар ҷамоати деҳоти Ниҷонии даромадгоҳи партовгоҳи шаҳри Истаравшан партовҳои бесоҳиб ба миқдори 8 м3 бо истифода аз техника бартараф карда шуд.
Партовгоҳи ноҳияи Мастчоҳ хокпӯш карда шуд
Баҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати бењдошти вазъи санитарию экологї, пешгирии таъсири зарарноки партовњо ба саломатии инсон ва муњити зист аз тарафи КДФ «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ» партовгоҳи ноҳияи Мастчоҳ хокпӯш карда шуд. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мастчоҳ масоҳати умумии партовгоҳ 5 гектар буда, 2 га бо ҷалби техника ҳамвор ва хокпӯш гардид.
Аксияи “Тозагии маҳал ва шоҳроҳ” ва “Тозагии соҳил” дар миқёси вилояти Суғд
Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани вазъи экологӣ , ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист дар миқёси вилоят дар давоми моҳи август аксияҳои “Тозагии маҳал, шоҳроҳ” ва “Тозагии соҳил” ташкил ва гузаронида шуд. Аксия бо иқдоми зерсохторҳои Сарраёсат дар шаҳру ноҳияҳо бо иштироки беш аз 46 ҳазор нафар сокинони маҳаллаҳо, кормандони корхонаву ташкилот ва муассисаҳо новобаста аз тобеъият ва шакли моликият доир гардид. Ҷараёни аксия қадди роҳҳо ва шоҳроҳҳо, ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, соҳили дарё ва манбаҳои обӣ аз алафҳои бегона ва партовҳои гуногун тоза карда шуда, 421,6 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ тавассути нақлиётҳои махсуси коммуналӣ интиқолу ҷойгиронида шуданд. Рафти аксияҳо тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ба навор гирифта шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Спитамен
Ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили Истиқлолияти давлатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Спитамен аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» гузаронида шуд. Зиёда аз 80 нафар намояндагони муассисаю ташкилот ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар аксия иштирок намуда, дар натиҷа кўчаҳои маркази ноҳия ва 2 км ҷўйборҳои қадди роҳ аз партовҳои гуногун тоза гардид ва 4 м3 партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд.