Бо иқдоми шуьбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд аксияи "Тозагии маҳал" дар назди варзишгоҳи ба номи "20 солагии Истиқлолият" бо иштироки кормандони Сарраёсати ободонии шаҳри Хуҷанд, КД "Истифодабарии манзил"-и соҳили рости ш.Хуҷанд ва соҳибкорон зиёда 100 нафар гузаронида шуд. Ба истиқболи ҷашни 32-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ баргузории аксия дар дигар минтақаҳои шаҳр низ доир гардида истодааст.
Шиносоӣ аз рафти марҳилаи наслгирии сунъии моҳиҳо
Таъмин намудани иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва афзун намудани захираҳои моҳӣ зери назорати доимии коршиносону мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд қарор дорад. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода А.Ғ. аз рафти марҳилаи наслгирии сунъии моҳиҳо дар сехи инкубатсионии ҶДММ "Корпоратсияи моҳии тоҷик" дидан намуд. Айни ҳол тухми моҳиҳо, кирминаи нав аз тухм баромадаи зағорамоҳӣ, мури сафед ва пешонапахми сафед дар марҳилаи афзоиш қарор доранд. Марҳилаи босифати наслгирии моҳиҳо ба барориши бештари кирминамоҳичаҳо мусоидат менамояд. Омилҳои абиотикӣ, ба монанди ҳарорати обу ҳаво ба рафти корҳои наслгирӣ таъсири худро расонида истода бошад ҳам, моҳипарварон тасмим гирифтаанд, ки нақшаи истеҳсоли наслгирии моҳиҳоро бо натиҷаҳои назаррас анҷом диҳанд. Рафти шиносоӣ ба моҳипарварони хоҷагӣ аз тарафи сардори Сарраёсат Ғуфронзода А.Ғ. баҳри баланд бардоштани рафти наслгирии моҳиҳо дар сехи инкубатсионӣ ва босифат гузаронидани технологияи парвариши моҳиҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Амалиётҳои назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик
Тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат дар обанбори Баҳри тоҷик амалиётҳои назоратӣ гузаронида шуд. Ҳангоми амалиёт ошкор карда шуд, ки моҳидорони ҶСК «Таъминоти моҳӣ» бар хилофи талаботҳои қоидаҳои моҳидорӣ бо сайди моҳӣ машғул буданд. Бинобар вайрон шудани моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» нисбати шахсони мазкур мувофики Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамчунин дар ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» бо мақсади муайян намудани намуд, вазн, андоза, синну сол, олотҳои сайди моҳӣ ва дошти шабонарузии моҳӣ ба ҳар як олоти сайд 11 адад санадҳои назоратӣ-таҳлилии сайди саноатии моҳӣ тартиб дода шуд.
Насби қуттиҳои хурди партов аз тарафи муҳассилин дар шаҳри Хуҷанд
Муҳассилини “Имдоди Ғайрат” 12 адад қуттиҳои хурди партовро дар маҳаллаҳои шаҳр насб карданд. Хонандагони барномаи “Дастмузди хурди дастрасӣ”-и шаҳри Хуҷанд Access Microscholarship Program (ТҶ “Имдоди Ғайрат”) дар конфронси ҳарсолаи минтақавии USANT оид ба маърифати экологӣ ширкат варзида, барои лоиҳаи худ - «Хонандагони “Аксес” - зидди партов!» гранти хурдеро ба даст оварда, ҳиссаи худро дар тозагии муҳити зисти шаҳр гузоштанд. Хонандагон дар доираи ин лоиҳа дар се микроноҳияҳои шаҳри Хуҷанд 18, 28, 31 ва 32 беш аз 12 адад қуттиҳои хурди партовро насб карданд. Ин қуттиҳо асосан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар назди литсейи ДДҲБСТ, филиали "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон", мағозаи "Сафия", даромадгоҳи мактаби таҳсилоти умумии №22 ба номи Ҷ.Расулов, дар паҳлӯи мағозаи «Комил», назди МТМУ№10 ва №8 ҷойгир карда шуданд. Масъулин изҳор доштанд, ки маҳаллаҳои номбурда тасодуфан интихоб нашуда, худи иштирокчиёни лоиҳа дар ин мактабҳо таҳсил мекунанд ё дар ин маҳаллаҳо зиндагӣ мекунанд ва шоҳиди он мешаванд, ки на ҳамаи мактаббачагон, роҳгузарон, харидорони мағозаҳо ва сокинон дар ҳифзи муҳити зист масъулияти баланд эҳсос мекунанд.