Бо мақсади тозаву обод намудани маҳалли зист ва таъмини беҳдошти солимии ҷомеа, баҳри иҷрои фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд «Дар бораи баргузор намудани аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, ҷамоати деҳоти Зарҳалол ва Пошкент аксияи «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуд. Дар он кормандони масъули идораи кишоварзӣ, маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии шаҳр, волонтерони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва аҳолӣ ҳамагӣ 300 нафар иштирок доштанд. Рафти чорабинӣ партовҳои бесоҳиб дар ҳаҷми 7 метри мукааб ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуда, тариқи телевизиони маҳалии шаҳри Истаравшан ва ТВ Ҷаҳоннамо ба навор гирифта шуд. Тибқи нақшаи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан баргузории аксияҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар назар аст.
Мизи мудаввар дар МДТ “Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд”
Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳои Кумита вобаста ба “Стратегияи рушди иқтисоди сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” (барои давраи солҳои 2023-2025), гузаронидани вохӯриҳои тарғиботӣ доир ба эълон гаштани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо” ва иҷрои нақшаи корӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд” мизи мудаввар доир гардид. Дар он кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд, омӯзгорон ва донишҷуёни литсей иштирок доштанд. Рафти чорабинӣ аз тарафи кормандони шуъба зикр гардид, ки бо мақсади рушди “иқтисоди сабз”, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояю технологияҳои каммасраф “Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2023-2037” қабулгардида, дар 15 соли минбаъда мавриди татбиқ қарормегирад. Ҳамчунин доир ба эълон гаштани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо”, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он ва саҳми донишҷуён дар баланд бардоштани маърифати экологӣ баромад намуданд.
Вохўрии кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо хонандагони муассисаи таълимӣ
Тибқи нақшаи пешбинигардида ва барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд мақомоти зерсохтор дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо бо мақсади шарҳ додани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва ҷиҳати ташвиқу тарғиби эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» вохўриҳо гузаронида истодаанд. Дар давоми ҳафта кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №23 бо хонандагони синфҳои болоӣ вохўрӣ гузаронида, аз ҷониби сардори шуъба зимни баромад оид ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатӣ, бо кадом мақсад татбиқ намудани «лоиҳаҳои сабз» хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла васеъ ҷорӣ карда шудани «энергияи сабз» муҳим мебошад, маълумот пешниҳод намуд. Ҳамчунин, дар бораи қабул шудани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон ҷиҳати эълон гардидани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид таъкид карда шуд.
Ҳифзи парандагони ваҳшӣ дар ноҳияи Спитамен
Маротибаи сеюм аст, ки дар ноҳияи Спитамен амалиёти «Ҳифзи ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ» гузаронида шудаст. Бо мақсади таъмини хўроки иловагӣ барои парандагоне, ки бисёр ҷамъ мешаванд дар ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳия, қаддӣ соҳили дарёи Сир, дар маҷмўъ 200 кг гандум ва 100 кг маккадона пошида шуд. Амалиёти мазкур аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо кормандони ташкилоти «Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон»-и ноҳия, инчунин бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардидааст.