Бо мусоид омадани обу ҳаво ва тибқи нақшаи пешбинигардида дар шоҳроҳу кўчаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера гузаронидани амалиёти «Ҳавои тоза» оғоз карда шуд. Аз тарафи мутахассисони шуъбаҳои назоратии сарраёсат дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар роҳи нақлиётгарди маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд амалиёти «Ҳавои тоза» доир гардид. Боиси қайд аст, ки дар интихоб намудани минтақаи мазкур аризаи шикоятии сокинони мавзеъи Сартӯқаи ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров сабаб гардида, дар рафти амалиёт асосан нақлиёти боркашон аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа, ченкунии ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ҳамагӣ аз 37 адад нақлиёт гузаронида шуда, барои аз меъёри стандарти давлатӣ барзиёд будани партовҳо нисбати 5 нафар ронанда бо дастрасии моддаи 230-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳо тартиб дода шуд.
Амалҳои баланд бардоштани дониши экологӣ
Бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилдояти Суғд дар толори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо муовинон ва масъулини равияи «Табиатдўстон»-и муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Гулистон, Бўстон, Истаравшан, Б.Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Шаҳристон, Ашт, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов семинари омўзишӣ ташкил ва баргузор гардид. Семинари мазкур бо мақсади муфассал шинос намудани муовинону масъулини шуъбаҳои табиатшиносони ҷавон, экология ва ҳифзи муҳити зисти марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо бо «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дуруст таҳия намудани ҳисобот дар муҳлатҳои муайянгардида ва гузаронидани пурсиши сотсиологӣ байни кормандони марказҳои таҳсилоти иловагӣ. Ба ҳамаи иштирокдорон китобчаи барнома, ду нашри охирони рўзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» ва саволномаи сотсиологӣ дастрас гардида, дар бораи усул ва воситаҳои гузаронидани тадқиқот оид ба муайян намудани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мушаххас фаҳмонида дода шуд. Дар баробари ин ба сарвари Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ду ҷилд Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. Баргузории семинари омўзишии мазкур минбаъд, барои вусъат бахшидани раванди иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатӣ дар соҳаи маориф, ба тартиб овардани пешниҳоди ҳисоботу маълумот аз ҷиҳати муҳлат ва сифат, дар маҷмўъ ҳамкориҳои судманд дар болоравии маърифати экологӣ саҳми назаррас мегузорад.
Ярмака – фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо дар шаҳри Хуҷанд
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ташкил ва баргузор намудани ярмарка – фурўши ниҳол ва гулу буттаҳо ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола аз ҷониби сохторҳои масъул ин чорабинӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Тибқи амри Раиси вилояти Суғд аз 21.02.2023, №31амр «Дар бораи гузаронидани ярмарка – фурўши ниҳол, кўчату тухмии гулу зироатҳо», санаҳои 24 - 26 феврали соли ҷорӣ ярмаркаи мазкур дар саҳни Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Аз ҷониби шахсони масъули Сарраёсати ҳифзи мҳити зист дар вилоят дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани намоиш ва ярмаркаи мазкур корбарӣ амалӣ гардида, дар он аз тарафи сохторҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ ва аҳолӣ, ҳамагӣ 1 миллиону 20 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун, аз он ҷумла 360 ҳазор бех мевадиҳанда, 100 ҳазор ороишию сояафкан, 560 ҳазор бех гулу гулбуттаҳо ба боғпарварону сокинони вилоят пешниҳод карда шуд. Дар чорабинӣ сарраёсат ва зерсохторҳои он аз шаҳру ноҳияҳо фаъолона иштирок намуда, ба аҳолӣ ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабз ва сояафкан пешниҳод намуданд.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ байни сокинони маҳаллаи Бофандаи шаҳри Хуҷанд
Дар асоси муроҷиати сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Бофанда 3 Мусоев А. тариқи сомонаи интернетии робита бо ҷомеа (Вотсап) сармутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сармуҳандиси КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и ш.Хуҷанд, сариқтисодчии КД “Истифодабарии манзил”-соҳили чап, сардори қитъаи КД “Истифодабарии манзил ”-и соҳили чап ва беш аз 12 нафар бо сокинони маҳалла корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар нуктаҳое, ки дар муроҷиат қайд шудааст, 2 адад ишора ва овезаҳои огоҳкунанда насб шуда бошад ҳам, баровардани партовҳои маишӣ аз биноҳои баландошёна ва ҷойгиронии он дар қадди роҳ ба чунин ҳолатмубаддалгаштааст. Аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҳузури муроҷиаткунанда ва сокинон, соҳибкорони маҳал моҳияти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаҳмонида дода шуда, ба масъулини КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд ва КД “Истифодабарии манзил” ҷиҳати босифат расонидани хизмат-расониҳои коммуналӣ, сари вақт баровардани партовҳо дастуру супоришҳо дода шуд. Тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф қарзи ҳар як шаҳрванди ватандуст буда, аз маданияти баланди экологӣ шаҳодат медиҳад.