Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Шаҳристон

   Бо мақсади тоза намудани қаддӣ шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанноқ, минтақаи ноҳияи Шаҳристон, бо иштироки беш аз 200 нафар намояндагони ташкилоту идораҳо, муассисаи ҳоҷагии ҷангал ва аҳолии ҷамоати деҳот ба шоҳроҳ наздик бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» баргузор гардид. Дар рафти ин аксияҳои экологӣ зиёда аз 20 км қаддӣ шоҳроҳи мазкур, аз фаромади ақба то даромади шаҳри Истаравшан, аз партовҳои гуногун, хусусан партовҳои пластикӣ – зарфҳо ва халтачаҳои полиэтиленӣ тоза гардида, беш аз 4 метри мукааб партовҳо ҷамъ ва бароварда шудаст.

Вохўрӣ бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент

   Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент дар асоси барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд нақшаи чорабиниҳои шуъбаро оид ба гузаронидани вохўрӣ ҷиҳати ташвиқу тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаҳои таълимии соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ намудаст. Бо чунин мақсад, кормандони шуъба дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №25-и ҷамоати шаҳраки Суғдиён, МТМУ №85-и деҳаи Вешисти ҷамоати деҳоти Ёрӣ, МТМУ № 4-и ҷамоати деҳоти Саразм, МТМУ №81-и деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Косатарош ва МТМУ № 15-и шаҳр бо хонандагону омўзгорон вохўриҳо гузарониданд. Ҳамзамон, дар рафти ин вохўриҳо дар баробари шарҳ додани муҳтавои Паёми навбатӣ оид ба эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» низ таъкид карда шуд.

Беҳтар намудани вазъи зисти олами ҳайвоноти ваҳшӣ

  Барои беҳтар намудани вазъи зисти ҳайвоноти ваҳшӣ ва ташкил намудани хўроки иловагӣ дар ҳолати сард омадани обу ҳаво дар назди Даҳанасойи ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист корҳои биотехникӣ доир гардид. Тибқи маълумоти мутахассисон як қатор намуди ҳайвоноту парандаи ваҳшӣ, аз он ҷумла кабутар, хуки ёбоӣ, гург, харгуш,  рубоҳ, хирс, бузи куҳӣ, кабк ва дигар ҷонваронро дар мавзеи мазкур дидан мумкин аст ва сукунат доранд. Дар раванди баргузории чорабинӣ ба миқдори 150 кг гандуми майда, 250 кг ҷав, 300 кг картошкаи майда, 75 кг сабўс, 25 кг намак, 50 адад баста коҳи гандум ва алафи беда дар ҷойҳои ҷамъшавии ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ пошида шуд.

Дар минтақаи шаҳри Истаравшан чорабиниҳои ҳифзкунандаи олами ҳайвоноти ваҳшӣ гузаронида шуд

   Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.01.2023, №2/12-05-59 дар минтақаҳои баландкўҳ ва доманакўҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» баргузор гардида истодааст. Бо мақсади беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сармои зимистон бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан якҷоя бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар минтақаи Навободи ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳр, ки минтақаи сардтарин ва сербориштарин ба ҳисоб меравад, корҳои биотехникиро гузарониданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки зимни мушоҳидаҳои бисёрсола дар доманакӯҳ ва талу теппаҳои минтақаи мазкур, дар ҳаргуна вақт намудҳои ҳайвонот ва парандагони нодир, аз ҷумла рӯбоҳ, хирс, шоҳин, ҷайра, тазаври тоҷикӣ, бургут, каргас ва дигар намояндагони олами ҳайвонот дида мешаванд, ки шомили Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар маҷмўъ, рафти корҳои биотехникӣ 70 кг гандум, 60 кг ҷав, 40 кг лаблабуи сурх, 30 кг картошка, 20 кг намак ва 12 бастаи коҳи гандум дар доманакӯҳҳои ин минтақа пошида шуд. Барои минбаъд, аз сардиҳои фасли зимистон эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандагоне, ки дар доманакӯҳ ва минтақаҳои сардтарин  сукунат доранд, гузаронидани чунин амалиёт ва корҳои биотехникӣ идома дода мешаванд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.