Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Деваштич

  Бо мақсади бо таври доимӣ тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ дар асоси супориши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят аксияи «Тозагии шоҳроҳ», «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» доир гардид. Дар он 115 нафар аҳолии ҷамоатҳо, корхонаву ташкилотҳо фаъолона иштирок намуданд. Ҳамзамон бо иштирокчиёни аксияҳо аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Рафти аксия тариқи телевизиони «Синамо» ба навор гирифта шуд.

Ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд

  Бо мақсади иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.10.2021, №442 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ» ва тибқи Низомномаи бо қарори Раиси вилоят аз 10.12.2021, №558 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд» тасдиқгардида, ҷаласаи навбатии Комиссия дартолори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо ва иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо - муовин ва котибони комиссия гузаронида шуд. Дар рафти ҷаласа фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №116 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар  соли 2023 ва вазифагузорӣ барои фаъолияти минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сафари кории Раиси Кумита ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

 Баҳри таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод. Бо мақсади иҷрои барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкорона, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ,хурраму сарсабз гардонидани кишвар ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ва сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода А. ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 2 моторолери барқӣ, 8 қуттӣ барои зарфҳои пластикӣ, 25 адад қуттӣ барои партовҳо тӯҳфа карда шуд. Инчунин дар маркази шаҳр 5 нуқтаи партовгоҳҳои муваққатии замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.

Амалиёти назоратӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик

  Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти назоратӣ  дар обанбори Баҳри Тоҷик, минтақаи Шӯркули  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ сокинони  н.Б.Ғафуров   Шарипов М. ва Қурбонов Ҷ. боздошт гардиданд. Қонуншиканон бе иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист бо турҳои моҳидории лескавӣ ва қаиқи алюминӣ ва резинӣ бо моҳидорӣ машғул шуда, дар натиҷаи азназаргузаронӣ ошкор карда шуд, ки зиёда аз  182  сар  8 намуди моҳиҳо (ҷерсон, суфмоҳӣ, нуқрамоҳӣ, морсармоҳӣ, пешонапаҳм,  зағорамоҳӣ ва амури сафед) сайд шудааст, ки ин амали қонуншиканон бар хилофи моддаи 44, 45-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” буда, дар натиҷа бо моддаи 208-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.