Бо мақсади таъмини иҷрои банди 17 нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон, ки бо қарори Раиси вилоят аз 23.07.2024 сол, № 187 тасдиқ карда шудааст, ҷиҳати тозаву обод намудани муҳити зист, маҳалҳои аҳолинишин ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шанбегии дастаҷамъона бо иштироки аҳолӣ ва масъулину фаъолон доир карда шуд. Бо ин мақсад дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон масъулину фаъолон дастаҷамъона ба ҳашар баромаданд. Ҳашарчиён гӯшаву канори роҳравҳои маркази ноҳияро аз партовҳо тоза намуданд. Илова бар ин боғи Парчам ва Нишони назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро тозав карда шуд.
Азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои дар қарори Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологии шаҳру ноҳияҳо сохтмону таҷдиди нуқтаҳои партовпартоӣ бо маром идома дорад. Дар ин замина бо пешбурди назорати давлатӣ аз тарафи КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ"-и шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи А.Фирдавсӣ, К.Хуҷандӣ, маҳаллаҳои 13, 18, 19 нуқтаҳои партовпартоӣ аз навсозӣ карда шуд. Бояд қайд кард, ки сохтмон ва аз навсозии нуқтаҳои партовпартоӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Бӯстон, Масчоҳ, Ҷаббор Расулов низ амалӣ гардиданд.
Обмонии дарахтон дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ
Бо мақсади сабзу хуррам нигоҳдории муҳити зист, таъмини иҷрои дастуру супориши Кумитаи ҳифзимуҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2024, таҳти№ 3/12-05-1954 дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ (ҷамоати деҳоти Зарҳалол ва Пошкент)-и шаҳри Истаравшан обмонии шабонарӯзии дарахтони кадди шоҳроҳ ташкил ва гузаронида шуд. Чӣ тавре, ки аз бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан маълумот доданд, шумораи дарахтон зиёда аз 120 ададро ташкил дода, ин иқдом дар дигар кӯчаву маҳаллаҳо ба роҳ монда мешавад.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Масчоҳ
Бахшида ба 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Масчоҳ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Тибқи маълумотҳои шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Масчоҳ 51 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Еще статьи...
- Обмонии дарахтон дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Вохӯрӣ зери унвони «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
- Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Насби қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар шаҳру ноҳияи Бӯстон, Истиқлол ва Масчоҳ