Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба ифтихори ҷашни фархундаи 8 март- Рӯзи Модар

  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо самимияти афзунҳамаи модарон, собиқадорони соҳа, бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рўзи Модар табрику таҳният мегўяд. Дар оғози фасли зебои баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ мардуми шарафманди мо Рўзи Модарро ҳамчун яке аз арзишмандтарин идҳои умумихалқӣ ҷашн мегиранд. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаи муқаддас ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон ба расмият даромада, рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд баланд бардошта, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон гаштааст. Бигзор модарону бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо шарафманду соҳибиқбол бошанд. Бо чунин муҳаббати самимӣ ба Шумоён саодати рӯзгор, хушбахтиву хушрўзӣ, сарбаландиву хонаободӣ, дар фаъолияти ҳамешагии пурзаҳмат комёбиҳои беназир ва  рӯзгори обод таманно дорам. Фархундаву поянда бод Рӯзи Модар!

Барномаи телевизионии мустақими «Пайванд» бахшида ба масъалаҳои экологӣ

 Тибқи нақшаи иштирок ва баромади аъзои Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони вилоят ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ барои соли 2025 тавассути телевизиони вилояти Суғд, дар барномаи мустақими «Пайванд» чор нафар сардорони шуъба ва сармутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят иштирок намуданд. Мавзӯи барномаи мазкур ба «Рафти иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», маърифати экологии аҳолӣ ва вазъи экологии вилоят» бахшида шуд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки ташкили чунин барномаҳо барои рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифатиэкологииаҳолӣсаҳми назаррас дошта, дар рафти барномаи мустақим аз ҷониби сокинони шаҳру ноҳияҳо 20 савол ба кормандони сарраёсат дода шуд ва ба аксарияти онҳо дар доираи вақти барномаи телевизионӣҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Ҷаласаи назоратӣ дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Дар сарраёсати ҳифзимуҳитизисти вилоятиСуғд ҷаласаи навбатии назоратӣ бо иштироки роҳбарияти сарраёсат, сардорони шуъбаҳои назоратӣ, сардорони шуъбаҳо ва  мудирони бахшҳои ҳифзимуҳитизист дар шаҳруноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Дар ҷаласа рафти  иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2040», иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2021, № 626 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб» дар шаҳру ноҳияҳо, натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар моҳи феврал ва натиҷаи санҷиши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти сарраёсат ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Деваштич, Истаравшан, Гулистон, Зафаробод, Панҷакент ва Айнӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Пас аз шунидани баромади таҳлилӣ аз тарафи сардори Сарраёсат Холзода С.Х. вобаста ба масъалаҳои болозикр, аз он ҷумла барои иҷрои пурраи нақшаҳои ташкили ниҳолхонаю шинонидани ниҳолҳо дар ҳамҷоягӣ бо дигар сохторҳо, пурзӯр намудани фаъолияти комиссияҳои доимоамалкунандаи маҳаллӣ оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳои бесоҳиб, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои фаъолият то ҷамъбасти семоҳаи якум супоришҳо дода шуд.

Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Истаравшан

  Ҳангоми сард омадани ҳаво  тибқи нақшаи корӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон дар ҷамоати деҳоти Нофароҷ деҳаи Навобод корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии кунҷора - 120 кг, сабус - 50 кг, намак - 20 кг, резаи гандум – 50 кг, 10 адад бастаи беда, 10 адад бастаи гандум пошида шуд. Тибқи маълумоти мутахассисон дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди кабк, харгӯш, гург, уқоб ва дигар намуди парандаҳои ваҳшӣ сукунат доранд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.