Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар Исфана - сойи ноҳияи ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар рафти аксияи мазкур ғайр аз кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори омма, сокинони ҷамоати деҳоти Ғўлакандози ноҳия, ҳамагӣ зиёда аз 115 нафар иштирок доштанд.
Насби овезаи экологӣ дар ноҳияи Зафаробод
Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Зафаробод дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Зафаробод шоҳроҳи Зафаробод - Хуҷанд деҳаи Зафаровезаи экологӣ бо навиштаҷоти «Ҳифзи табиат вазифаи ҳар як шаҳрванд аст» насб гардид. Ин иқдом бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсат дар нимсолаи якуми соли 2021
Санаи 8 июли соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Рафти ҷаласа ҳисоботи муовини сардори Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2021 шунида шуд. Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии Раёсат пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин зимни баромади худ оид ба тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд.
Насби овезаи экологӣ дар шаҳри Хуҷанд
Аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Сирдарё овезаи экологӣ бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насб гардид. Ин иқдом бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ҳадаф аз насб намудани овезаҳои тарғиботӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ маҳсуб меёбад.
Еще статьи...
- Иштирок дар Форуми IV оид ба «Нақш ва дурнамои иштироки занон дар идоракунии ҳамгироии захираҳои обӣ дар қисми ба Тоҷикистон мансуббудаи ҳавзаи Сирдарё»
- Амалиёти “Ҳавои тоза” барои пешгирии ифлосшавии ҳаво
- Насби овезаҳои экологӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ
- Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Айнӣ