Вохӯрӣ дар муассисаи таълимии шаҳри Истиқлол

  Бахшида ба 15-апрел Рӯзи донишҳои экологӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Истиқлол бо иштироки мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр вохӯрӣ ва дарси кушод ташкил карда шуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ аз тарафи мудири бахш дар бораи роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологӣ, муаммоҳои экологии ҷойдошта дар шаҳр, корҳои ободониву ниҳолшинонӣ дар маҳалли зист маълумот пешниҳод гардид. Омӯзгори фанни биология ва экология низ оид ба ғанӣ гардонидани дониши экологӣ, аз ҷумла вобастагии табиату наботот, ҳайвоноту растаниҳо, муносибати ғамхорона нисбати табиат ибрози ақида намуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Зафаробод

 Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву обод ва солимгардонии муҳити зист дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Зафаробод аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Аз рӯи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар аксия зиёда аз 80 нафар донишҷӯёни Коллеҷи политехникии ноҳия иштирок намуда, 500 метр ҷӯйборҳо тоза, 340 бех дарахтон сафед ва зиёда аз 2,6 тн партов бароварда шуд. Корҳои ободониву нихолшинонӣ дар дигар минтақаҳои ҷамоату шаҳраки деҳот идома дорад.

Вохӯрӣ дар муассисаи таълимии шаҳри Гулистон

  Бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳо, таъмини ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», бахшида ба рӯзи донишҳои экологӣ дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 14-и шаҳри Гулистон бо хонандагон вохӯрӣ ташкил ва гузаронида шуд. Зимни вохӯрӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ба хонандагон оид ба мақсади таҷлили санаҳои экологӣ, ҳифз ва нигаҳдории захираҳои обӣ, олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, тағйирёбии иқлим, ки яке аз мавзӯҳои актуалӣ ба ҳисоб меравад, баромад намуд. Дар интиҳои вохӯрӣ аз ҷониби кормандони бахш ба хонандагони фаъол ва омӯзгори фанни экология ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим гардид.

Рӯзи дониши экологӣ дар муассисаи таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар муассисаҳои таълимӣ бахшида ба санаҳои экологӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист кормандони бахш дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 13-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар дарси кушоди синфҳои болоӣ таҳти унвони «Ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст» иштирок намуданд. Рафти вохӯрӣ намояндагони бахш ба хонандагон дар бораи ҳадафи асосии таҷлили ин санаи экологӣ, ҳифз ва нигаҳдории захираҳои табиӣ, саҳми хонандагон дар беҳбудии муҳити зист суханронӣ намуда, ба саволҳои хонандагон оид ба ҳифзи табиат ҷавобҳои мушаххас доданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.