Бо мақсади тозаву обод намудани маҳалли зист, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар ноҳияи Айнӣ аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Аксия бо ҷалби 430 нафар - аҳолии ҷамоатҳо, кормандони ташкилотҳо доир гардида, дар рафти он ҷӯйборҳо ба масофаи 3,1 км, соҳилҳои обӣ ва каналу заҳбурҳо 4,8 км, роҳравҳо ба масофаи 3,5 км тоза карда шуда, ба партовгоҳи ноҳия 1,9 м3 партов бароварда шуд. Баргузории чунин шанбегиҳои оммавӣ дар миқёси ноҳия идома дорад.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳои дар пешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ дар сойи Хоҷабоқирғони ҷамоати деҳоти Ёва-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки 1514 нафар аҳолии ҷамоат, кормандони ташкилотҳо, сокинон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимии № 10 доир гардид. Дар рафти аксия ҷӯйборҳо 9,1 км, ҳудуд 44,6 ҳазор мураббаъ, қади роҳҳо 21,4 км тоза, 823 бех дарахтон сафед карда шуда, ба партовгоҳи ноҳия ба миқдори 40,13 м3 партовҳо бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Бӯстон
Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарё ва дигар манбаъҳои обӣ, амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯли шаҳрии Бӯстон ва шафати роҳи протоколӣ аксияи «Тозагии соҳил ва маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия 250 нафар - намояндагони муассисаҳои тандурустиву маориф ва омӯзгорону хонандагони гимназияи № 2-и шаҳр фаъолона иштирок намуда, 1 км ҷӯйбор ва 2 км қадди роҳҳо тоза карда шуда, 8 м3 партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.
Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии замин дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
Санаи 22.04.2021 дар толори раёсат бахшида ба 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии замин семинари амалӣ таҳти унвони «Замин – кафили амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид. Дар кори семинари мазкур кормандони шуъбаҳои раёсат ва мутахассисони ҷавони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, ба назорати самти ҳифзи замин вобаста мебошанд иштирок намуданд. Дар оғози семинар сухани ифтитоҳии муовини сардори раёсат шунида шуд. Минбаъд, мувофиқи барномаи чорабинӣ аз ҷониби сардори шуъба ва сармутахассисони таҷрибадори раёсат баромадҳо дар мавзӯи «Роҳҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корами вилояти Суғд», «Истифодаи захираҳои замин ва оқибати экологии он» ва «Ҳолати мелиоративии заминҳои корами шаҳри Исфара» пешкаши иштирокдорон гардид.
Еще статьи...
- Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Зафаробод
- Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Масчоҳ
- Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
- Вохӯрии сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Серватюк В.Н. ва намояндагони ширкати «Днепроэнергосталь»