Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят тибқи нақшаи корӣ дар моҳи феврали соли равон мониторинги экологии ҳолати минтақаҳои ноҳияҳои наздисарҳадиро доир намуд. Дар рафти гузаронидани мониторинги экологӣ тағйирёбии тамоюли таъсир ба ҳавои атмосфера ва манбаҳои обии минтақаҳо, ҳамчунин ҳолати таркиби хок ва дараҷаи радиатсия муайян карда шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ченкунии вазъи ҳаво дар нуқтаҳои мухталифи ҳудудисанитарӣ - муҳофизатӣтохатисарҳаддармасофаиаз 500 метр то 2 километр дур амалӣ гардид. Дар мавзеъи Янги – Қӯрғони ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров, ки бо ҷумҳурии ҳамсоя ҳамсарҳад мебошад, намунаҳои њавои атмосфера, об ва хок гирифта, ташхис гузаронида шуд. Ҳамзамон, зимни мушохида ва ченкунихои инструментал дар 2 мавзеъ бо гирифтани 10 намунахои партовхои моддахои зарарнок ба хавои атмосфера амал гардид. Натиҷаи ченкуниҳо ва ташхис нишон доданд, ки нишондиҳандаҳо ба монанди оксиди карбон, дуоксиди нитроген, фенол, гидроген сулфид, оксиди нитроген, аммиак, чанг, хлор ва гидрогенхлорид мутобиқи меъёр мебошанд.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шоҳроҳи Хуҷанд - Ашт
Бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 дар ноҳияи Ашт баргузории аксияи «Тозагии роҳ» ташкил ва амалӣ карда шуд. Аксия мазкур дар давоми 3 рўз идома ёфта, мақсади асосӣ - ин тоза намудани ду тарафи шоҳроҳи Хуҷанд – Ашт аз партовҳои бесоҳиб буд. Дар чорабинӣ ба ғайр аз намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва Муассисаи давлатии хоҷагии чангали ба номи Н.Ҳувайдуллоев, кормандони Муассисаи давлатии назорати роҳи автомобилгарди ноҳия, дар маҷмуъ беш аз 50 нафар иштирок намуданд. Дар натиҷа 90 километр ду тарафи шоҳроҳ тоза гардида, зиёда аз 15 метри мукааб партовҳои бесоҳиб бароварда шуд.
Табрикоти сардори Раёсат
Иди бонувон - Рўзи Модар дар оғози эҳёи табиат, фасли баҳори фаррухқадам фаро мерасад, ки мардуми шарафманди мо онро ҳамчун яке аз арзишмандтарин идҳои умумихалқӣ ҷашн мегиранд. Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаи муқаддас, саодатмандиву сарбаландии занону модарони тоҷик ва аҳли хонадони онҳо, дар маҷмӯъ омили муҳими пешрафту ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Тамоми ҷомеаи мо дарк менамояд, ки ҳар як модар шоистаи таҳсин, сазовори ситоиш, арзандаи эҳтиром ва арҷ гузоштан аст. Ба ифтихори бузургдошти ин иди фархунда Шуморо самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу бахту иқболи нек, рӯзгори обод ва сулҳу осоиш орзу менамоям.
Ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанбори «Баҳри Тоҷик»
Тибқи нақшаи корӣ ва дар асоси фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба гузаронидани амалиётҳои фаврии шабонарўзӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанбори «Баҳри Тоҷик» аз ҷониби нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ чунин амалиётҳо мунтазам гузаронида шуда истодааст. Санаи 3.03.2021, ҳангоми чунин амалиёт ду нафар сокини шаҳри Конибодом – Содиқов Ҷ.Л., истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ва Худойбердиев Ҳ., истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ҷаҳонзеб барои вайрон кардани қоидаҳои моҳидорӣ ва истифодаи лавозимотҳои моҳидории ғайриқонунӣ боздошт карда шуданд. Дар натиҷа, бо дастрасии моддаи 208 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» протоколҳо тартиб дода, қаиқҳои резинӣ ва тўрҳои хархела муваққатан ба анбори раёсат супорида шуд.