Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Зафаробод

  Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ,  ободу зебо гардонидани  боғҳову ҷойҳои ҷамъиятӣ  дар ҳудуди боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи С.Айнии ноҳияи Зафаробод ҳашари ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Дар ҳашар кормандони бахши ҳифзи муҳитизист якҷоя бо кормандони боғзиёдааз 300 адад дарахтони ҳамешасабзи сановбар шинониданд. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия то имрӯз  6800 бех ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудаанд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент

  Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Иди байналмилалии Наврӯз, кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, тибқи нақшаи корӣ бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо кормандони БДА дар шоҳроҳи Панҷакент - Айнӣ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, нисбати ронандаи 1 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Ошкори ҷойи пинҳонии қонунвайронкунандагон

   Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти шабонарӯзии навбатӣ дар болооби обанбори «Баҳри Тоҷик», минтақаи Қӯқуроқи ноҳияи Ашт ҷойи пинҳонии қонунвайронкунандагон – қӯрӯқшиканоне, ки бо сайди ғайриқонунии моҳӣ машғуланд ошкор намуданд. Лавозимотҳои дар он ҷо дарёфтгардида далели моҳидории ғайриқонунӣ буда, аз мушоҳидаҳо аён гардид, ки дар давоми 1 - 2 моҳи зимистони соли ҷорӣ шахсони номаълум ин ҷойро сохтаанд. Аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар давоми 2 шабонарўз навбатдорӣ ташкил гардида, ин ҷойи пинҳонӣ зери назорати доимӣ қарор дода шуд, аммо ягон нафар қӯруқшикан ҳозир нашуд. Баъд аз навбатдорӣ, дар рўзи сеюм ҳамаи лавозимотҳои сайди ғайриқонунии моҳӣ ва ба он мусоидаткунанда, худи ҷойи пинҳонӣ несту нобуд карда шуд.

Шанбегии умумишаҳри дар шаҳри Истаравшан

   Тибқи супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тоза намудани Каттасой дар шаҳри Истаравшан бо ҷалби васеи аҳолӣ, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, муҳасилини коллеҷҳои тиббӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, кормандони ташкилоту корхонаҳо шанбегии умумишаҳрӣ   гузаронида шуд. Шанбегӣ бо иштироки 1500 нафар  ва ҷалби 2 адад техника гузаронида шуда, 20 тн.партов ба партовгоҳи шаҳр интиқол дода шуд. Ҳамчунин  барои  огоҳӣ  намудани  аҳолӣ огоҳинома  ба микдори 2 ҳазор адад тақсим карда шуда, дар ин мавзеъ 10 адад овезаҳо насб карда шуд. Ҷараёни шанбегӣ тариқи телевизиони маҳаллӣ ба навор гирифта шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.