Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, истиқболи сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ,ташвиқу тарғиби маърифати экологӣ байни аҳолӣ, дар селроҳаи Исфанасой-воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов аксияи «Тозагии соҳил» доир гардид. Аксия бо ҷалби 25 нафар ҳашарчиён ва 5 адад техника гузаронида шуда, дар натиҷа 8 м3 партовҳои ҳархела бароварда шуд.
Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Айнӣ
Баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси вилоят маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ муташаккилона идома дорад. Аз рӯи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ дар қади шоҳроҳи Душанбе -Айнӣ бо иштироки намояндагони корхонаву муассисаҳо 1200 адад ниҳоли арча шинонида шуда, то айни замон дар ноҳия ҳамагӣ 1470 бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст.
Ташвиқи муҳтавои Паём
Ташвиқу тарғиби муҳтавои Паём аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад. Бо ин мақсад дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 39 ҷамоати деҳаи Ошобаи ноҳияи Ашт вохӯрии мудири бахши ҳифзи муҳити зист бо омӯзгорон ва кормандони муассиса доир гардид. Дар вохӯрӣ нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои соли сипаришуда, нишондиҳандаи асосӣ – буҷаи давлатӣ дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» баён гардид. Ҳамчунин барои ҷалб ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар беҳбудии муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии онҳо ибрози ақида карда шуд.
Иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Шерализода Б.А. дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар шаҳри Панҷакент
Баҳри дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ташаббуси Асосгузори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ вусъати тоза пайдо карда истодааст. Баҳри кабудизоркунӣ ва ободонии диёр дар ҷамоати деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент маъракаи кабудизоркунӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон иштирок дошт. Инчунин дар маъракаи мазкур зиёда аз 180 нафар сокинони ҷамоату деҳот ва кормандони бахш фаъолона иштирок намуда, ба миқдори 150 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд.