Дар доираи нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида дар давоми моҳи ноябри соли равон бахшида ба 1300 рузи меҳнати зарбор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Гулистон, Бўстон, Истиқлол, Истаравшан, Б.Ғафуров, Зафаробод, Деваштич, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов ва Шаҳристон, дар маҷмуъ 3 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар рафти аксия ҳамагӣ 54,4 ҳазор нафар иштирок намуда, дар натиҷа як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Аз ҷониби иштироккунандагон корҳои тоза кардани ҷўйбор – 85,8 км, тоза намудани ҳудуд – 24,7 ҳазор метри мураббаъ, тоза намудани қадди роҳҳо – 24,4 км, тоза намудани соҳилҳои обӣ – 500 метр, тоза намудани заҳбур ва канал – 1,9 км, тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона – 3,2 ҳазор метри мураббаъ, сафед намудани роҳгашт – 550 метр иҷро гардида, ба партовгоҳҳо 276,3 метри мукааб партов бароварда шуд.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
Мувофиқи нақшаи кории раёсат дар якҷоягӣ бо БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади назорати давлатӣ ва кам намудани партови моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар давоми моҳи ноябри соли равон 2 маротиба амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Бўстон ва шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров гузаронида шуд. Ҳангоми баргузории амалиёти мазкур санҷиши партовҳои моддаҳои зарарнок аз 55 адад воситаи нақлиёти тамғаашон гуногун гузаронида, дар натиҷа нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиётӣ, ки ихроҷи моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намуда, меъёри стандартҳои давлатиро вайрон кардаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Сайёҳӣ тайи солҳои охир дар кишвар бамаротиб рушд ёфта, маҳз бо ташаббус ва роҳандозии барномаҳои мушаххаси Ҳукумати кишвар сайёҳӣ аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Бино ба иттилооти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов яке аз мавзеҳои куҳану таърихӣ қалъаи «Хитойреза», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷ.Расулов воқеъ буда, асрҳои 18-19 сохта шудааст. Қалъа аз даҳ манора иборат буда, диаметри он аз 4,8 то 6,5 метр ва баландиаш то 5 метр буда майдони умумии он 4 гектарро ташкил медиҳад. Масофаи байни манораҳо 9,5 метрро буда, деворҳои қалъа аз 7 қабат похса (лой) бардошта шудааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки дар дохили қалъа ҷои махсус барои мудофиа, машқгоҳ, манзилҳо, масҷид, устохонаҳо ва дӯконҳои тиҷоратӣ мавҷуд будаанд.
Бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (иҷрои бандҳои нақша чорабиниҳо бахшида ба соли сайёҳӣ )
Қалъаи Муғ яке аз ҷойҳои тамошобоби ш.Истаравшан буда, таҷдиду барқарорсозии Калъаи Муғ дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкон фароҳам меоварад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории таърихӣ бештар ҷалб гарданд. Ин аст, ки соли гузашта 16360 сайёҳӣ дохилӣ аз ин макон дидан намуд. Ќалъа дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардида, масофаи деворҳои он беш аз 600 метр ва майдони умумиаш 6 гектар аст. Ба гуфтаи бостоншиносон Қалъаи Муғ маконест, ки дар он Деваштич ба хотири озодии Ватан ҷангида, он ҷо паноҳ бурдааст. Ҳанӯз тобистони соли 1933 таҳти раҳнамоии шарқшиноси маъруф А.Фрейман дар ин қалъаи қадима ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа он зиёда аз аз сад бозёфти нодири таърихи мансуб ба асрҳои сеюму дуюми то милод пайдо гардид.
Амалиётҳои фаврӣ дар н.Б.Ғафуров
Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ аз тарафи мутахас-сисони шуъбаи назорати давлатии ҳифзи захираҳои оби Раёсат дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ғозиён партофтани обҳои ифлоси тоза ва безараргардониданашуда ба манбаи обии сойи Хоҷабоқирғон аз тарафи ҶДММ «Азизӣ» ошкор гардид. Намунаи партовоб гирифта шуда, корхонаи мазкур тибқи моддаҳои 44,43-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва моддаҳои 98, 99, 100, 124-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 177 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷаримабандӣ карда шуд.
“Парчамат партавафшон бод Тоҷикистонам”
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки намояндаи Кумиҷроияи ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Азимов А.Ҷ. ва кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят соати сиёсӣ доир гардид. Пас аз суханони ифтитоҳӣ корманди раёсат қайд намуд, ки дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишвари азизамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як санаи таърихӣ- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 24 ноябр аст бо хатти заррин сабт гашт ва ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида мешавад. Ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.
Страница 176 из 236