Баҳри иҷрои Карори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» бахшида ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон санаҳои 6 ва 13 феврали соли равон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, хиёбони Раҳмон Набиев назди дарёи Сир аз назди пойгоҳи обкаши Ёва- Арал то назди бинои КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ” аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ кормандони мағозаи “Файзи Расул”, сокинони маҳалла, кормандони КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳр иштирок намуданд.
Дар рафти аксия 2000 метр назди соҳили дарёи Сир аз партовҳои маишӣ ва сохтмонӣ тоза карда шуда, аз тарафи кормандони муассисаи партовкашони шаҳр зиёда аз 15 м.3 партовҳо бароварда шуд.



Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178
Санаи 12 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсат дар асоси фармоиши сардор, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, иҷрои банди 8-уми қарори ҷаласаи Раёсат аз 05.01.2016, татбиқи дурусти қонунгузории соҳавӣ ва тарбияи кадрҳо, семинари бозомӯзӣ бо иштироки мутахассисони соҳа, аз ҷумла мутахассисони ҷавон гузаронида шуд. Мувофиқи барнома пеш аз баромадҳои омӯзишӣ, намоянда аз КИ ҲХДТ шаҳри Хуҷанд, устоди Донишгоҳи иқтисод ва савдо Азимов А. оид бануқтаҳо аз 
Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 


