Дар ҷангалзори тӯқайи шаҳри Конибодом аксияи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа чор намуд ниҳол, аз он ҷумла тут, ҷигда, ток ва хуч ҳамагӣ 9 ҳазор бех шинонида шуд. Дар рафти аксия беш аз 70 нафар намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», Ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони вилояти Суғд, донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон, МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ва аҳолии маҳалла фаъолона иштирок намуданд. Ҷангалзори тӯқай дар нигоҳ доштани мувозинаи экологӣ нақши муҳим дошта, макони сукунати намудҳои гуногуни олами ҳайвонот мебошад. Мутаассифона, онҳо аз таъсири таъсири антропогении инсон, аз қабили буридани дарахтони ҷангал, сӯхтор ва мунтазам чаронидани миқдори зиёди чорво хароб мешаванд. Барои барқарор ва нигоҳ доштани ин экосистемаи нодир пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳайвоноти маҳаллӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ мусоидат менамояд.
Чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ
Бо мақсади иҷрои фармоишҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №42 аз 28.03.2023 сол ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд № 16 аз 31.03.2023 сол «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023» аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд гузаронидани амалиётҳои фаврӣ оғоз гардид. Чунин амалиёт дар бозори «20 солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда, ба роҳбари бозор барои дар давраи тухмигузорӣ ба хариду фурӯш ва пухтупази моҳӣ роҳ надодан амрнома дода шуд. Дар байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар дохили бозор лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд.
Сайди моҳӣ манъ аст
Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 03.2023 с. таҳти №42 ва фармоиши сардори Сарраёсат № 16 аз 31.03.2023 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023», дар асоси моддаҳои 6 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаҳои 6, 10 ва 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», моддаҳои 4 ва 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, шароити фароҳам овардан ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ аз санаи 1 апрел то 15 июни соли 2023 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ карда шудааст. Телефони боварӣ: (83422) 6–59–81, 6–03-95
1 апрел - Рӯзи байналмилалии парандаҳо
1 апрели соли 1906 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба муҳофизати паррандаҳо ба имзо расид. Дар кишвари собиқ Шӯравӣ таҷлили «Рӯзи байналмилалии паррандаҳо» аз 1 апрели соли 1927 ба ҳукми анъана даромада буд. Аз соли 1994 ин ҷашн дар аксар кишварҳо дар доираи барномаи ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера» таҷлил мегардад. Хотиррасон бояд кард, ки парандаҳо яке аз қиркунандагони ҳашаротҳои зараровари кишоварзӣ маҳсуб меёбанд. Ҳар як фасл парандагони хоси худро дорад. Бо иваз шудани фасли сол парандаҳо низ макони зисти худро иваз мекунанд. Солҳои охир дар зери таъсири омилҳои гуногун, аз он ҷумла таъсири фаъолияти инсон, ба олами парандаҳо ба камшавии саршумор ва ҳатто зери хатари пурра маҳвшавӣ оварда расонида истодааст. Ба ҷуз омили антропогенӣ, дигаргуншавии иқлим ва офатҳои табиӣ низ ба экосистемаҳои олами ҳайвонот зараровар таъсир расонидаанд. Дар байни гуногунии биологӣ, олами парандагон мавқеи хоса доранд. Дар таркиби олами ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори парандаҳо мавқеи хоса дорад. Муайян карда шудааст, ки орнитофаунаи ҷумҳуриамон беш аз 400 намуд буда, аз ин миқдор 43 намуди онҳо ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудааст. Танҳо дар миқёси вилоятамон 22 намуди парандаҳо дар ҳолати нодир ва маҳвшудаистода қарор гирифтаанд, ки онҳоро олимон-орнитологҳо ба китоби «Намудҳои нодир ва маҳвшудаистодаи олами наботот ва ҳайвонот дар вилояти Суғд» ворид карданд.
Еще статьи...
- Тақдими асари “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” ба Ғуфронзода Азиз
- Гуфтугӯи мустақим доир ба масъалаҳои экологӣ
- Мизи мудаввар зери унвони «Тоҷикистон Ватани ташаббусҳои ҷаҳонӣ!»
- Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз Ғуфрон бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ