Ба таваҷҷӯҳи кормандони воситаҳои ахбори омма, коршиносон!

Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рӯзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қатъномаи  Маҷмааи  Умумии Созмони  Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяҳо»  дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтарин маводи журналистӣ  дар мавзӯи  «Лозарҳои Тоҷикистон - манбаи обҳои зулол ва асоси рушди  иқтисоди «Сабз» озмун эълон менамояд. Ба озмун маводҳо  (дар бахши телевизион, радио ва рӯзнома) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд.

Корҳои безараргардонӣ ва рӯйпушкунии партовгоҳи шаҳри Исфара

  Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ , пешгирии таъсири партовгоҳ ба муҳити зист ва татбиқи нақша чорабиниҳои Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2023-2028, бо иқдоми мақомоти ҳифзи муҳити зист ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Исфара корҳои безараргардонӣ ва руйпӯшкунии партовгоҳ ба масоҳати 10 га оғоз гардид. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара партовгоҳи партовҳои сахти машишии КДФ «ХМК»-и шаҳр дар 18 км аз тарафи ғарбии шаҳр дар минтақаи Мохпарии шахри Исфара воқеъ буда, масоҳаташ 32 га-ро ташкил медиҳад.

Насби лавҳаи экологӣ дар шаҳри Исфара

   Аз тарафи шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд насби лавҳаҳои иттилоотӣ идома дорад. Чунин лавҳаи иттилоотии экологӣ дар кӯчаи марказии шаҳри Исфара насб карда шуд, ки мавзӯи асосӣ - ин аз ҷониби СММ эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» мебошад.Солҳои охир насби чунин овезаҳои экологӣ ба ҳукми анъана даромада, боиси баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мегардад.

Насби лавҳаи экологӣ дар шаҳри Истаравшан

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Лавҳаҳо дар хиёбони марказии Истиқлол ва назди бинои бахши ҳифзи муҳити зист, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ насб  гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.