Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо», аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар миқёси шаҳри Гулистон лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Лавҳаҳо дар кучаҳои марказии Истиқлол ва Суғдиён, инчунин дар назди бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон насб гардид.
Чорабиниҳои пешгирии амалҳои характери коррупсионӣ дошта дар фаъолияти кормандони мақомоти хифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Тибқи барқияномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мактуби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани сўҳбату вохӯриҳо дар самти муқовимат ба коррупсия бо иштироки доираи васеи кормандон дар семоҳаи аввал, санаи 10 марти соли ҷорӣ дар толори сарраёсат вохӯрии сардори шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода бо кормандони сарраёсат ва зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бўстон, Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби намоянда Каримӣ Ҳ.Ҳ. дар бораи мафҳуми Барномаҳои давлатии зидди коррупсионӣ фаҳмонида дода шуд. Аз он ҷумла, дар бораи таъмини иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», марҳилаи якум то соли 2025 ва дуюм солҳои 2026 - 2030, самтҳои асосӣ ва амалисозии нақшаи чорабиниҳои стратегия, пешгирии амалҳои характери коррупсионидошта дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, таъсири он ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, имтиёзҳо барои мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикорупсионии аҳолӣ сухан намуда, қайд карда шуд, ки хизматчиёни давлатӣ бояд дар чорчӯбаи қонунгузорӣ фаъолият намуда, таъмини иҷрои стратегияи мазкур тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда бояд ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Дар интиҳои вохӯрӣ кормандони сарраёсат оид ба масъалаҳои гуногуни вобаста ба масъалаи баррасишаванда саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Табрикоти бонувони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба 8 март – Рўзи Модар
Санаи 6 марти соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи сарраёсат маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 8 март – Рўзи Модар баргузор гардид. Сардори сарраёсат Ғуфронзода Азиз зимни суханони табрикотӣ қайд намуд, ки ин санаи муқаддас бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон ба расмият даромада, рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд баланд бардошта, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон гаштааст. Ба бонувони мақомоти ҳифзи муҳити зист, ки дар пешрафти соҳа фаъолият мебаранд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Аёдати занон - собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист ба ифтихори 8 Март - Рӯзи Модар
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати собиқадорони соҳа дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба ҳукми анъана даромадааст. Бахшида ба Рӯзи Модар – 8 март сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз собиқадорони соҳа Ҳакимхӯҷаева Фарида ва Нурматова Муҳаббатро, ки солҳои тӯлонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолият бурдаанд, аёдат намуда ,ба онҳо кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд. Чунин иқдомҳои наҷиб аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам роҳандозӣ мегардад.