Семинари омӯзишӣ бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об

  Дар толори сарраёсат тибқи нақшаи кории тасдиқгашта  барои нимсолаи якум, бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, семинари омўзишӣ барои мутахассисони вобаста ба самти ҳифзи захираҳои об баргузор гардид. Дар кори семинар тибқи барнома аз ҷониби сармутахассисони сарраёсат барои иштирокдорон баромадҳо доир ба Панҷумин  ибтикори  ҷаҳонии  кишвар оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра, «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», «Моҳияти санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи захираҳои об», «Фаҳмонидани моҳияти моддаҳои 173, 174, 175, 176, 178, 179-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашри нави соли 2022», «Тарзи гирифтани намунаҳои партовобҳо барои ташхис ва муҳлати гирифтани он», тарзи дуруст ҳисоб намудани зарарҳои ифлос намудан ва зарарҳои худсарона гирифтани об пешниҳод карда шуд. Семинари мазкур дар арафаи Рӯзи байналмилалии об бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ба мутахассисони вобаста ба самти истифода ва ҳифзи захираҳои оби мақомоти ҳифзи муҳити зист дар иҷрои вазифаҳои касбӣ дар пешбурди фаъолияти минбаъда гузаронида шуд.

Насби овезаи иттилоотӣ дар ноҳияи Спитамен

  Бо мақсади ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо», аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен дар кӯчаи марказии ба номи  Спитамен овезаи иттилоотӣ насб карда шуд. Насби чунин лавҳаҳои экологӣ баҳри баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ маҳсуб меёбад.

Назорати татбиқи Барномаи давлатии соҳавӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

   Тибқи нақшаи пешбинигардида ва бо мақсади назорати рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси вилоят аз 26.05.2021, № 274 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва аз 22.11.2021, № 442 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ», фаъолияти сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур вобаста гардиданд ва ҳамзамон фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳия санҷида шуданд. Рафти гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ дар ноҳия маводи ҷойдоштаи сохторҳо мавриди санҷиш қарор гирифта, инчунин бо ҳар як роҳбар ё намояндаи сохторҳо, хусусан ҷамоати шаҳраку деҳот дар алоҳидагӣ сӯҳбату корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд ва камбудиҳои ҷойдошта низ қайд гардид. Дар бораи натиҷаи гузаронидани санҷиш ба унвони муовини Раиси вилояти Суғд, раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда шуд.

Вохӯрӣ бо намояндагони ҷамоати деҳоти шаҳри Истаравшан дар рафти санҷиши татбиқи Барномаи давлатӣ

   Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист шаҳри Истаравшан бо роҳбарияту намояндагони 10 адад ҷамоати деҳот ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», аз ҷумла Низомномаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ, гузаронидани ҷаласаҳои комиссия, тартиби дурусти нақшаи чорабиниҳо ва пешниҳоди ҳисоботу маълумот дар муҳлатҳои муайянгардида фаҳмонида дода шуд. Ба ҳар яке намояндаи ҷамоати деҳот китобчаи Барнома барои корбарии минбаъда тақдим гардид. Боиси қайд аст, ки чорабинии мазкур дар доираи гузаронидани санҷиши фаъолияти Комиссияҳои байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар шаҳри Истаравшан ба амал омада, ҳамчунин маводи сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки бевосита ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур вобаста гардиданд мавриди омўзишу таҳлил қарор гирифтанд. Дар бораи натиҷаҳои гузаронидани санҷиш ба унвони муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.