Ҳамасола Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Имсол фохтак парандаи соли 2024 интихоб гардид. Фохтак парандаи андозааш миёна буда, ба оилаи кабӯтарҳо мансуб мебошад. Дарозии бадани ин паранда то ба 26-29 см мерасад ва 180-300 грамм вазн дорад. Парҳои болоии қаноти фохтак тобиши қаҳваранг дошта, парҳои маҳини гардан ва қафаси синаро ранги норинҷӣ оро медиҳад. Ҷинси наринаи фохтак аз ҷинси модина каме калонҷусса буда, аз рӯйи ранг фарқ намекунад. Яке аз аломатҳои хоси фохтак мавҷудияти рахҳои сиёҳ дар паҳлӯи гардан ба шумор меравад. Фохтаки нарина дар давраи афзоиш бо такрор садои хоси “ғурр-ғурр” мебарорад. Бо назардошти чунин хусусият фохтакро дар баъзе маҳалҳои Тоҷикистон ғурак низ ном мебаранд. Дар шароити Тоҷикистон фохтак парандаи лонагузор ва кӯчанда буда, зимистонро дар Африқо мегузаронад.
Тоза нигоҳ доштани муҳит бахше аз ватандӯстист!
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ дар ҳамовози бо Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, аксияи тозагии муҳити зист доир шуд. Дар ин аксия муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонони фаъол ва роҳбарони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия иштирок намуда, ду тарафи шоҳроҳро аз даромадгоҳи ноҳияи Мастчоҳ то ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бӯстон аз партовҳо тоза намуда, саҳми худро дар тозагии муҳити зист гузоштанд.
Ҳифзи муҳити зист ва маърифати экологии ҷомеа
“Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ нишон диҳем ва бо ин мақсад бо таҷдиди назар дар масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем.” Эмомалӣ РАҲМОН. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири ҳамаи самтҳои фаъолияти мардуми шарифи Тоҷикистон буд. Сарвари давлат дар Паёми худ дар баробари дигар масъалаҳои ҳалталаби дохиливу берунӣ ба масъалаи ҳифзи муҳити зист диққати махсус доданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки “Гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он - камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин, ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат карда истодааст. Бинобар ин, аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем.”
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба муносибати Соли нави милодии 2024
Ҳамкорони азиз! Пас аз чанд рӯзи бошумор соли нави 2024-юми милодӣ фаро мерасад ва мо онро бо қалбҳои саршор аз умеду орзуҳои нек ҳамчун соли навбатии марҳалаи созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Итминони комил дорем, ки ҳар яки мо дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи худро мегузорем ва бо шарофати Соли нав пайки шодию нишот ва оромию субот дар Тоҷикистони азиз дучанд мегардад ва мардуми кишвар дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф мешаванд. Ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиатро сидқан шодбош гуфта, ба ҳар яки шумоён тандурустиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям. Бигузор соли нави милодӣ барои ҳар як хонадони халқи тоҷик соли сулҳу оромӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва пешрафту дастовардҳои навин гардад. Соли нави милодӣ муборак!
More Articles...
- Тамошои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Вохӯрӣ бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти солонаи гурӯҳҳои кории шаҳри Истиқлол ва ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров
- Аксияи экологӣ дар шаҳри Гулистон