Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати санитариву экологӣ дар шаҳри Истаравшан бо ҷалби 250 нафар сокинони шаҳр, кормандони воҳидҳои сохторӣ, идораҳо, муассисаҳои таълимӣ новобаста аз тобеият ва шакли моликият ҳашари тозагиву ободонӣ гузаронида шуд. Дар ҳашари умумишаҳрӣ қадди роҳҳои протоколии хиёбони Истиқлол, Исмоили Сомонӣ, Ваҳдат ва Оли Сомон ва шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуда, тариқи техникаҳои борбардори КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ш.Истаравшан ва Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Истаравшан ба партовгоҳи шаҳрӣ ба миқдори 7 тн партов интиқол дода шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал, соҳил» дар шаҳри Панҷакент
Баҳри тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди деҳоту шаҳри Панҷакент бо иштироки фаъолонаи кормандони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ, соҳаи тандурустӣ ва соҳибкорон аксияи «Тозагии маҳал, соҳил» гузаронида шуд. Бо ин мақсад дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот барои тоза намудани манбаъҳои обӣ - сойи деҳаи Ёрӣ, сойи Мисрак, сойи Зебон 715 нафар шахрвандон иштирок доштанд. Дар натиҷа ба масофаи 2320 метр сой аз партовҳои маишӣ тоза карда шуда, 6,2 тн партовҳои сахти маишӣ ба воситаи нақлиётҳои боркаш ба партовгоҳҳои расмӣ ҷой гиронида шуд. Инчунин дар шоҳроҳи Панҷакент - Айнӣ, роҳи деҳаи Сӯфиён шаҳраки Суғдиён, роҳҳои дохили шаҳр ба масофаи 2107 м тулони аз партовҳои сахти маишӣ тоза карда шуд.
Иштироки фаъолонаи ҷавонону варзишгарон дар ҳашари тозагӣ ва корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд
Бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атроф, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ бо иштироки ҷавонон ҳашари тозагӣ ва корҳои ободонӣ баргузор гардид. Дар шанбегӣ тоза намудани гирду атрофи бинои муассисаву толорҳо, ҷӯйборҳо, шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан, буридани шохҳои дарахтони хушкшуда ва ҷамъ намудани партовҳо ба анҷом расонида шуд. Шанбеги дар назди Муассисаи давлатии мактаби варзишии рақами 1-уми шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Спитамен
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ , тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам дар маҳалҳои аҳолинишин аксияҳои экологии тозагии маҳал ва соҳил, ҳамчунин вохӯриву суҳбатҳо бо аҳолии ҷамоату шаҳракҳо гузаронида мешавад. Чунин вохӯрӣ дар шаҳраки Навкати ноҳия дар асоси нақшаи корӣ бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ намояндагон ва фаъолони ҷамоатҳо ва шаҳрак, нозири минтақавӣ ва сокинони ҷамоатҳо иштирок доштанд. Намояндаи бахши ҳифзи муҳити зист рафти вохӯрӣ оид ба пешгирии ифлосшавии муҳити зист аз партовҳои истеъмолӣ ва истеҳсолӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраку деҳот, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ, иштироки фаълонаи аҳолӣ дар аксияҳои экологӣ баромад намуд.