Ҳамасола 2-феврал аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад. Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб таҷлил карда мешавад. Шиори имсолаи Рӯзи мавзеъҳои обию ботлоқӣ - мавзеъҳои обию ботлоқӣ ва беҳбудии инсон ном дорад. Ин шиор таъкид менамояд , ки то чӣ андоза тамоми ҷанбаҳои некӯаҳволии мо бо вазъи саломатии ин экосистемаҳои беназир алоқаманданд ва моро ташвиқ мекунанд, ки ин мавзеъҳоро қадр ва ҳифз намоем. Бе оби тоза мавҷудияти инсон ғайриимкон аст ва ин мавзеҳо манбаи муҳимтарини он мебошанд. Танҳо 2,5% оби сайёра оби тоза аст. Ва танҳо 1% ин об барои истифодаи инсоният дастрас аст.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Зафаробод
Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳол-шинонӣ, кабудизоркунӣ ва солим гардонидани муҳити зист, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист ва нақша чорабиниҳои тасдиқ намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ бо иштироки раиси ноҳия Исмоилзода З. ва дигар масъулон доир гардида, дар ҳудуди шаҳраки Зафаробод 130 бех дарахтони ороишиву сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуд
Аксияи “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Айнӣ
Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист, беҳтарнамуданивазъиэкологӣ, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ба таври доимӣ тозаюозоданигоҳ доштани маҳалли зист дар ноҳияи Айнӣ аксияи “Тозагии маҳал” ташкил ва гузаронида шуд. Аксия бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳамҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки беш 180 нафар сокинони маҳаллаҳо, кормандони корхонаву ташкилот гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия қаддироҳҳо ва шоҳроҳҳо, ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳои гуногун тоза карда шуд.
Насби қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар нақби Истиқлол ва Шаҳристон
Бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати санитариву экологӣ ва бо ин васила баланд бардоштани маърифати экологӣ дар назди нақби Истиқлол ва Шаҳристон 2 адад қуттӣ барои ҷойгиронии партовҳои пластикӣ гузошта шуд.