Баҳри таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод. Бо мақсади иҷрои барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкорона, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ,хурраму сарсабз гардонидани кишвар ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ва сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода А. ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 2 моторолери барқӣ, 8 қуттӣ барои зарфҳои пластикӣ, 25 адад қуттӣ барои партовҳо тӯҳфа карда шуд. Инчунин дар маркази шаҳр 5 нуқтаи партовгоҳҳои муваққатии замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.
Амалиёти назоратӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик, минтақаи Шӯркули ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ сокинони н.Б.Ғафуров Шарипов М. ва Қурбонов Ҷ. боздошт гардиданд. Қонуншиканон бе иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист бо турҳои моҳидории лескавӣ ва қаиқи алюминӣ ва резинӣ бо моҳидорӣ машғул шуда, дар натиҷаи азназаргузаронӣ ошкор карда шуд, ки зиёда аз 182 сар 8 намуди моҳиҳо (ҷерсон, суфмоҳӣ, нуқрамоҳӣ, морсармоҳӣ, пешонапаҳм, зағорамоҳӣ ва амури сафед) сайд шудааст, ки ин амали қонуншиканон бар хилофи моддаи 44, 45-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” буда, дар натиҷа бо моддаи 208-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Партовгоҳи ноҳияи Мастчоҳ хокпӯш карда шуд
Бо мақсади беҳдошти вазъи санитарию экологӣ, пешгирии таъсири зарарноки партовҳо ба саломатии инсон ва муҳити зист аз тарафи Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ» партовгоҳи ноҳияи Мастчоҳ хокпӯш карда шуд. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мастчоҳ масоҳати умумии партовгоҳ 5 гектар буда, айни замон масоҳати 2 га бо ҷалби техника ҳамвор ва хокпӯш карда шуд.
Паёми Пешвои миллат – роҳнамои ҷомеа
Дар асоси нақшаи корӣ, бо мақсади шарҳ додани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат соати сиёсӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Темирова Х. И. ва Қурбонова Д. баргузор гардид. Сармутахассис оид ба ҳуқуқи Сарраёсат Султонӣ Д. зимни баромад қайд намуд, ки дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои ҳалталаби дохиливу берунӣ ба масъалаи ҳифзи муҳити зист диққати махсус дода, таъкид намуданд, ки “Бо мақсади истеҳсоли “энергияи сабз”, рушди ”иқтисоди сабз” ва паст кардани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳиит зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд”.