Ҳамасола санаи 15–уми апрелро дўстдорони табиат чун Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Ин иқдом соли 1992, зимни баргузории Конфронси СММ дар шаҳри Рио-де-Жанейро, ки масъалаҳои доғи рушди устувори аҳли башар муҳокима мегардид, ба ҳукми анъана даромад.
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «ДДХ ба номи Б.Ғафуров» дар моҳи апрели соли равон бахшида ба ин санаи муҳими экологӣ гузаронидани конференсияро пешбинӣ карда буд.
Санаи 29.04.2019 дар толори калони раёсати Донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Роҳҳои беҳтар намудани маърифати экологии аҳолӣ» баҳри татбиқи нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021«Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», таъмини иҷрои талаботи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»баргузор гардид.



Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва баҳри иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.01.2019, №07
Дар асоси фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 20.03.2019, №21 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2019» аз 1 апрел то 15 июни соли ҷорӣ дар ҳавзаи дарёи Сир ва дигар дарёҳо, обанборҳо, сойҳо ва кӯлҳои ҳудуди вилоят сайди моҳӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқию воқеӣ манъ карда шуд. Барои амалӣ гаштани нақшаи чорабиниҳо ситод дар ҳайати 16 нафар бо роҳбарии сардори раёсат ташкил ва корбарӣ намуда истодааст.
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсат бо ҳамроҳии шуъбаи таҳлилии Раёсат ва намояндагони идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 70 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид.