Шоҳин яке аз парандагони нодири соҳибчангол ба ҳисоб меравад, ки дар гузашта ашрофзодагон ҳамчун парандаи шикорӣ истифода мебурданд ва сабаби шоҳин ном гирифтани он низ дар ҳамин аст. Он дар минтақаҳои биёбонии Осиёи Марказӣ, Эрон, Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Африкаи Шимолӣ паҳн гардидааст. Дар ҳудуди Тоҷикистон дар қаторкуҳҳои Туркистон, Зарафшон, доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Ҳисор, нишебиҳои қаторкуҳҳои Боботоғ, Оқтоғ, Қаротегин, Ҳазратишоҳ ва Дарвоз вомехӯрад.
Муҳити хоси сукунати шоҳинҳо нишебиҳои харсангдор, шахҳо, ҷариҳои гилдори кӯҳӣ ба ҳисоб мераванд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ шоҳин дар баландиҳои 1800 метр аз сатҳи баҳр лона мегузорад. Дар фасли зимистон он ба водии дарёҳо кӯчида, баъзан дар атрофи маҳаллаҳои аҳолинишин маскан ихтиёр мекунанд.



Санаи 4 январи соли 2019
Бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 7 январи соли равон вохӯрии кормандони мақомот бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулбаҳор Назирӣ ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар доир гардид. Зимни вохӯрӣ