Тибқи нақшаи корӣ 15 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсат семинари бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист гузаронида шуд. Қайд кардан зарур аст, ки соли равон Раёсат маҳз барои баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин барои баланд бардоштани маърифати экологӣ фаъолияташро равона карда, ҳангоми зарурият, мунтазам ҳар моҳ оид ба масъалаҳои мубрами соҳа, самтҳо ва корбарӣ чунин семинарҳоро баргузор менамояд. Дар семинари мазкур доир ба масъалаҳои муҳим - тарз ва ҳолатҳои тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, оиди корбарӣ бо ҷадвалҳои нави ҳисоботсупорӣ, тартиби супоридани ҳисоботи моҳона, моҳияти Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда шунида шуд, ки дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ашт
Баҳри иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, эълон гардидани 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар ноҳияи Ашт бо маблағгузории бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 100 бех ниҳоли арча дар километри 3-юми роҳи шаҳраки Шайдон ва дар назди беморхонаи марказии ноҳия ба миқдори 200 адад ниҳоли арча бо усули ҳашар шинонида шуд. Корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия бахшида ба чорабиниҳои ҷашнӣ банақша гирифта шудааст.
Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд
Бо мақсадибеталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зист якҷоя бо бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт дар минтақаҳои Понғоз ва доманакӯҳҳои ноҳия санаи 7 феврали соли равон корҳои биотехникӣ гузаронида, ба миқдори умумии 350 кг резаи ҷав, 500 кг резаи гандум, 350 кг резаи ҷуворимакка, 200 кг намак, 600 кг сабус, 35 банд хошоки дағал, 45 банд коҳ ва дигар намудҳои хӯрока таъмин карда шуданд. Дар ин минтақаҳо намудҳои паррандагон кабк ва саъба, ҳайвонҳои ваҳшӣ - хуки ваҳшӣ, гург, рӯбоҳ, харгӯш мушоҳида карда мешаванд.
Семинар-тренинг барои намояндагони ҷамъиятии экологӣ ва рӯзноманигорони ҷавон
Санаҳои 4 - 6 феврали соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд семинар-тренинг дар мавзуъи «Роҳҳои инъикоси масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ тавассути унсурҳои чандрасонаи технологияи мултимедиявӣ» доир гардид. Семинар-тренинг аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» дар ҳамкорӣ бо намояндагии Интернюс дар Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуда, дар баргузории он намояндагони созмонҳои ҷамъиятии экологӣ ва рӯзноманигорони ҷавон, кормандони ВАО дар вилояти Суғд ва ташкилотҳои самти ҳифзи муҳити зист иштирок карданд. Давоми се руз иштирокчиёни тренинг аз ҷониби тренерон инъикоси ҷолиби гузоришҳо тавассути унсурҳои чандрасонаӣ (мултимедиа-акс, видео ва садо) шинос гардиданд. Инчунин оид ба роҳҳои истифодаи босамари захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист маълумот дода шуд.