
ШТРР «Тирози ҷавонӣ» ва медиапортали «Тироз» Лоиҳаи мултимедиявӣ (бисёррасонавӣ)-и «Харитаи интерактивии бакҳо ва қуттиҳои партов, нуқтаҳои қабули фурӯзонакҳои каммасраф, макони оббозӣ (пляж) ва ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд»-ро бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ карда истодааст. Лоиҳа дар ҳамкории ВАО бо аҳолӣ ва сохтору идораҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ мегардад ва он барои иттилоотонии саривақтии шаҳрвандон, тарбияи экологии насли наврас ва ҷавонон равона гардидааст. Бо дарки ин маънӣ муаррифии лоиҳа маҳз дар мактабҳои миёна доир шуда истодааст. Мӯҳлати давомнокии марҳилаи аввали лоиҳа 3 моҳ буда, дар он 10 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд: Пахтакор, Раззоқ, Панҷшанбе, Гулбаҳор, Бофандаи соҳили чапи дарё ва микроноҳияҳои 8-ум, 13-ум, 20-ум, 32-юм ва 34-уми соҳили рости дарё мавриди таҷрибаю санҷиш қарор мегиранд.





Санаи 26 декабри соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон вохӯрӣ бо прокурори калони шӯъбаи назорати умумии Прокуратураи вилояти Суғд Маҳмадов Н. бо кормандони Раёсат ва зерсохторҳои он баргузор гардид. Дар вохӯрӣ нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар баромади худ намояндаи прокуратура қайд намуд, ки дар Паёми Пешвои миллат тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифтанд. Боиси ифтихор аст, ки тӯли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз низ ташаббуси навбатии муҳими Тоҷикистон аз ҷониби СММ қабул ва Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» эълон гардид.