
Дар маҷлисгоҳи бахши ш.Панҷакент бо иштироки Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нӯҳ моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар давоми ҷаласа баъд аз ҳисоботи сардори Раёсат ва баромадҳои сардорони шӯъбаҳою мудирони бахшҳои шаҳру ноҳияҳо аз тарафи Раиси Кумита пурсиш ба амал оварда шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият дастуру супоришҳо дода шуд. Дар ҷаласа фаъолияти хуби бахшҳои шаҳру ноҳияҳои Ашт, Панҷакент, Айнӣ, Конибодом ва Спитамен қайд гардид.



Санаи 5 октябри соли равон
Рӯзи 4 октябр дар бисёрии давлатҳои дунё – Рӯзи байналхалқии ҳайвонот қайд карда мешавад. Ин санаи таърихии экологӣ буда, аввалин маротиба дар Конгресси байналхалқии тарафдорони ҳаракати ҳифзи табиат, ки дар шаҳри Флоренсияи давлати Итолиё соли 1931 баргузор шуда буд, қарор қабул 