Санаи 24 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати кишоварзии вилоят тибқи ҷадвали баргузории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, нишасти матбуотии якҷояи Раёсати ҳифзи муҳити зист, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, Сарраёсати кишоварзӣ ва Кумитаи заминсозӣ доир гардид. Дар он сардори шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ – хадамоти матбуотии Раиси вилоят Юнусов М. ва рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар нишасти матбуотӣ мухбирони рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Ризқофарин», «Маърифати ҳуқуқӣ», «Тирози ҷаҳон», «Тоҷикистон», «Меҳри Замин», «Саломат бошед», телевизионҳои вилояти Суғд, СМ-1 ва Азия, радиоҳои вилоят, «Садои Хуҷанд», «Пайванд», «Озодӣ», ҳамагӣ 20 нафар иштирокдоштанд.



Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз – 2017 ва 20-солагии Рузи Ваҳдати миллӣ, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ санаи 14 январи соли равон дар «Боғи Ғалабаи» микроноҳияи 18-ум ва Боғи «Дӯстии халқҳо»-и микроноҳияи 32-уми шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар он кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ва зерсохторҳои он аз шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 70 нафар иштирок доштанд. Дар рафти шанбегӣ 
