Тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №31/10-31 аз 15 апрели 2015 ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №73 аз 14 июни 2016, бо фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят №69 аз 30.06.2016 сол «Оиди таъсиси ситод оид ба амалиёти «Кӯкнор - 2016» ситоди идоравӣ ташкил карда шуда, нақшаи кории ситоди идоравӣ тасдиқ карда шудааст.
Раёсат баҳри иҷроиши нақшаи кории ситоди идоравии амалиёти «Кӯкнор-2016» якҷоя бо намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят корбарӣ намуда истодааст.




Бахшида ба “Соли 2016 – Соли фарди солим”, ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт аз 11 то 21 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳои
Санаи 8 июли соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон