Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд чорабинии супоридани диплом ва мукофотҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони озмуни даври ҷумҳуриявӣ ва диплому тўҳфаҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ба ғолибони озмуни даври вилоятӣ доир гардид. Дар он сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода Азиз, сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ Тиллоӣ Гулрухсор, директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Соҳибназаров Зикриддин, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода Азиз бо суханони ифтитоҳӣ барои иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати минбаъд ташаккул додани мавқеи фаъоли мактаббачагон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҷалби онҳо ба ҳалли муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд. Сипас барои гирифтани ҷойҳои намоён аз рӯи 6 номинатсия - «Расми беҳтарин»,«Шеъри беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин» ва «Кори меъмории беҳтарин» 9 нафар хонандагон бо диплом ва туҳфаҳои пулии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23 нафар хонандагон бо диплом ва тӯҳфаҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят қадрдонӣ карда шуданд.
«Маданият ва масъулияти тозанигоҳдории мухити зист»
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» баргузор намудани чорабиниҳои экологиро идома дода истодааст. Дар студияи ширкати телевизион ва радиои «СМ-1» бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ барномаи яксоата - ток шоуи «Печутоби замон» дар мавзўи «Маданият ва масъулияти тозанигохдории муҳити зист» бо иқдоми ташкилоти ҷамъиятӣ ба навор гирифта шуд. Дар оғози барнома наворҳои ҳолати баъзе аз минтақаҳои шаҳру ноҳияҳо, аз он ҷумла ҷӯйборҳо ҷиҳати партофтани партовҳо ба ҷойҳои ғайрирасмӣ пешкаши иштироккунандагон гардида, то ба охир расидани барнома оид ба камбудиҳои ба назар мерасида ва роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологии бахусус ҷавонон сӯҳбату саволу ҷавоб идома ёфт. Барои пурмазмун ва таъсирбахш гузаштани барномаи телевизионии мазкур ба студия ғайр аз намояндагони сарраёсату ташкилоти ҷамъиятӣ, собиқадори соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун коршинос, устодони донишгоҳ, омўзгорони Марказҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, донишҷӯён, рӯзноманигорон, ташкилоти сайёҳӣ, волонтёрон ва дигар ташкилоти ҷамъиятӣ даъват гардида, давоми барнома ҳамаи иштирокчиён нисбати мавзӯи асосӣ фикри худро баён намуданд. Боиси қайд аст, ки аз ҷониби аз ҷониби намояндаи сарраёсат ба ҳамаи дар студия нишастагон рўзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» дастрас гардида, ҷиҳати минбаъд шинос намудани тамошобинон бо намудҳои нодири олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон ба китобхонаи ШТР «СМ-1» Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Баргузории аксияи экологӣ дар минтақаи истироҳатии ноҳияи Шаҳристон
Дар доираи Лоиҳаи «Баланд бардоштани маърифати экологӣ», ки аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд татбиқ гардида истодааст, бо ҷалби ризокорон, ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони идораю муассисаҳо ва васоити ахбори омма давоми соли равон дуюм маротиба аксияи экологӣ дар минтақаҳои истироҳатии шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд. Дар мавзеи Хуррамдараи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон бо мақсади тоза намудани минтақа аз партовҳои пластикӣ дар мавсими истироҳатӣ аксияи экологӣ ташкил ва баргузор гардид. Рафти аксия хонандагону омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Шаҳристон ва Б.Ғафуров, ҳамчунин волонтёрон, кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, хоҷагии ҷангал, намояндагони рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», телевизиони вилояти Суғд ва хоҳишмандон аз нафароне ба истироҳат омада, дар маҷмўъ қариб 100 нафар иштирок доштанд. Мувофиқи барномаи аксия баъд аз қисми оғози чорабинӣ, иштирокдорон бо халта ва дастпушак таъмин гардида, ҳамагӣ 4 метри мукааб партовҳо, аз ҷумла зарфҳои пластикию шишагӣ ва халтаҳои полиэтилении аз ҷониби истироҳаткунандагон мондарафта ҷамъоварӣ карда шуд. Ҳамаи халтаҳои бо партовҳо пур гардида, бо воситаи нақлиёти боркашони хоҷагии ҷангал бароварда шуд. Дар рафти аксия гузоштани 2 адад қуттии декоративӣ барои ҷойгиронии муваққатии зарфҳои пластикӣ аз ҷониби истироҳаткунандагон хуб арзёбӣ гардид.
Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи ҳаёту табиат” дар ноҳияи Масчоҳ
6 июни соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи ҳаёту табиат” баргузор гардид, ки ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва эълон гардидани “Соли 2025 – соли ҳифзи пиряхҳо” бахшида шуда буд. Дар ҳамоиш раиси ноҳияи Мастоҳ Аъзам Ализода, муовини сардори Сарраёсат Гулов А., кормандони сарраёсат, мудирони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру навоҳии вилоят, собиқадорони соҳа, ғолибони озмунҳои экологӣ, фаъолон ва сокинону меҳмонони ноҳия иштирок намуданд. Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ализода Аъзам бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим гуфт, ки сокинони сайра ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешниҳодҳои муфиду мушаххас дар ҳалли масоили глобалӣ эҳтироми махсус доранд. Дар идомаи ҳамоиш ба ғолибони озмуни ноҳиявии “Ҳифзи пиряхҳо - ҳифзи ҳаёту табиат” аз рӯи номинатсияҳои мақолаи беҳтарин, шеъри беҳтарин ва расми беҳтарин бо Сипоснома ва маблағҳои пулии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Сипас ба як гуруҳ фаъолон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Барномаи рангини консертӣ ва рақсу бозии ҳунармандон дар либоси ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба ҳамоиш шаҳомати дигар бахшид.